Сураи Оли Имрон Ояти 188 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 188 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 188

لَا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ يَفْرَحُونَ بِمَا أَتَوْا وَيُحِبُّونَ أَنْ يُحْمَدُوا بِمَا لَمْ يَفْعَلُوا فَلَا تَحْسَبَنَّهُمْ بِمَفَازَةٍ مِنَ الْعَذَابِ ۖ وَلَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١٨٨

Ло таҳсабанна-л-лазина яфраҳуна би ма ата-в ва юҳиббуна ай-юҳмаду би мо лам яфъалу фа ло таҳсабаннаҳум би мафозати-м мина-л-ъазоб. Ва лаҳум ъазобун алим. 188.

188. Ҳаргиз касонеро, ки ба он чӣ карданд, шод мешаванд ва ба он чӣ накарданд, дӯст медоранд, ки ситоиш карда шаванд, мапиндор, ки онҳо аз азоб халос мешаванд, барои онҳо азоби дарднок омодааст.

Бо ривояти дигар, ояти мазкур дар шаъни мунофиқоне нозил шудааст, ки чун Расулуллоҳ (с) ба ҷиҳод мерафтанд, онҳо бо баҳонаҳо аз ширкат дар майдони ҷанг худдорӣ мекарданд. Ҳангоме ки Расулуллоҳ (с) аз ғазо бармегаштанд назди Расулуллоҳ (с) омада қасам ёд мекарданд, ки агар узре намедоштем, ҳаргиз ҷиҳодро тарк намекардем. Бо чунин ҳол боз интизор доштанд ва мехостанд, ки чизеро иҷро накарда бошанд ҳам, мисли муҷоҳидони фидокору вазифашинос мавриди ситоиш қарор гиранд. Хулоса, ояти мазкур хитоб ба Расулуллоҳ (с) ва посух ба умеди нодурусти зишткорон буда, мефармояд, ки ҳаргиз гумон накун, ки касоне, ки ҳақиқатро мепӯшанду аз амалҳои зишти хеш хушҳоланд ва ҳеҷ кори шоистаеро накарда бошанд ҳам, дӯст медоранд, ки мавриди таҳсину офарини мардум қарор гиранд, аз азоби Аллоҳ наҷотёфтагонанд, балки барои чунин тоифа азоби аламноки Ҷаҳаннам омода аст.

Хулоса, ояти мазкур агарчанде барои яҳуду мунофиқон нозил шуда бошад ҳам, локин муфассирон гуфтаанд, ки мазмуни ояти мазкур омаст. Яъне мусалмонҳоро гӯшзад мекунад, ки аз амалҳои бадашон шод набошанд, ба кирдори хуб ифтихор наварзанд. Агар амалҳои шоистаро накарда бошанд, ба умеди ситоишу мадҳи мардум набошанд. Зеро мардум ба зоҳир менигаранд. Агар дар асл набошад, таърифи мардум инсонро ба ҳақиқати дурусте расонида наметавонад, зеро чунин кор бо худ хиёнату худро фиреб додан аст.

Ояти зер, барои муъминон башорат ва барои кофирон таҳдид аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 187 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 189 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)