Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 189 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 189
وَلِلَّهِ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ ۗ وَاللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ ١٨٩
Ва лиллоҳи мулку-с самовоти ва-л-арз. Валлоҳу ъало кулли шай-ин қадир. 189.
189. Ва подшоҳии осмонҳо ва Замин аз они Худост. Ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност!
Баъзе муфассирон сабаби нузули ояти мазкурро радд ва ҷавоби яҳудиёни ҷоҳиле, ки дар мазмуни ояти 181-уми ҳамин сура гузашт, донистаанд. Хулоса, Замину осмонҳо азони Худост. Ӯ таъоло бар ҳама кор қодир аст, акнун шахсони бадкору мунофиқе, ки сифаташон дар ояти қаблӣ, ё дар ояти 181-ум гузашт, тасаввур накунанд, ки онҳо аз муҷозоти Аллоҳтаъоло халос шудаанд. Онҳо чунон ба азоби илоҳӣ гирифтор мешаванд, ки дигар касе нест ба ёрии онҳо шитобад. Чун дар осмонҳо ва Замин ҳукму салтанати Аллоҳ ҷорист, чунин гунаҳкорон ба ҳеҷ ҷо паноҳ бурда наметавонанд.
Оятҳои охири ин сура бори дигар аз ягонагии Аллоҳтаъоло ва аз қудрату ҳолиқияти Ӯ таъоло далелҳо оварда инсонро ба он водор месозад, ки ба осмонҳо ва Замин, ки ҳама мулки Ӯ таъолост, бо тадаббуру тафаккур назар андозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «