Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 19
إِنَّ ٱلدِّينَ عِندَ ٱللَّهِ ٱلۡإِسۡلَٰمُۗ وَمَا ٱخۡتَلَفَ
ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡعِلۡمُ بَغۡيَۢا بَيۡنَهُمۡۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بَِٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَإِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ١٩
Инна-д-дина ъиндаллоҳи-л-ислом. Ва махталафа-л-лазина уту-л китоба илло мин баъди мо ҷааҳуму-л-ъилму бағян байнаҳум. Ва ма-й-якфур би ойотиллоҳи фа инналлоҳа сариъу-л-ҳисоб. 19.
19. Ҳаройина, дин(-и муътабар) назди Аллоҳ (дини) Ислом аст. Ва ихтилоф накарданд (дар қабули дини Ислом) касоне ки ба онҳо Китоб дода шуда буд, магар аз рӯи ҳасад баъди он, ки онҳоро дониш омад, ба ҳаққонияти он ошно шуданд. Ва ҳар касе ба оятҳои Аллоҳ кофир шавад, пас ҳаройина, Аллоҳ зудҳисобгиранда аст.
Аллоҳтаъоло, дар ин оят хабар медиҳад, ки ягона дине, ки назди Ӯ таъоло мақбул аст, ин дини Ислом аст. Ислом чунин динест, ки Аллоҳтаъоло расулони худро дар ҳар давру замон фиристод, то онро ба мардум расонанд. Дар давраи пайғамбарии Муҳаммад (с) дини Исломро мукаммал намуду хотима бахшид. Бо омадани Ислому шариати Муҳаммад (с) ҷамии дигар динҳо аз амал боздошта шуданд, манъ шуданд. Зеро Исломи Муҳаммадӣ (с) охирин қонуни осмонист. Ҳар инсон бояд Исломи Муҳаммадиро қабул кунад. Зеро ғайри Ислом назди Аллоҳ дигар дин қабул нест. Исломи ҳақиқӣ тобеъ шудан ба дину шариати Ӯ (с) аст. Шахсе, ки баъди омадани Муҳаммад (с) бо даъвои дину шариати нав биояд нописанду номақбул аст. Зеро бо далел овардани ин оят ва дигар оятҳои Қуръон, чун ояти 75-уми ҳамин сура, шахсе ғайри Исломро дин қабул кунад, он беҳуда буда, қабул нест. Ҳақиқати дини Исломро ба ғайри мусалмонон дигарон (то Ислом наоранд), намефаҳманд. Бинобар ин, ихтилоф мекунанд. Сабаби ихтилофи онҳо дар ҷумлаи баъдӣ омадааст, ки аҳли китоб яҳуду насоро дар амрҳои Ислом ва фиристода шудани пайғамбари нав, пеш аз ҳақиқатро фаҳмидан, хеҷ ихтилофе надоштанд, ҳатто барои омадани пайғамбари охирин ҳамдигарро бо шавқ башорат медоданд. Вақто ки бо ҳуҷҷатҳои раднопазир Муҳаммад (с)-ро мушарраф ба пайғамбарӣ диданд ва диданд, ки аз тарафи Аллоҳ ба ӯ (с) китоб, яъне Қуръони карим омад, на аз рӯи шубҳа, балки аз рӯи таассубу ҳасад, дидаву дониста бо баҳонаҷӯӣ ба ихтилоф пардохта, ҳақиқатро инкор карданд. Бинобар ин, онҳо аз ҷумлаи шахсоне гаштанд, ки илми онҳо на сабаби ҳидояти онҳо, балки сабаби гумроҳии онҳо шуд. Дар ривояти Муҳаммад ибни Исҳоқ (дар тафсири Кабир) омадааст, ки он насрониҳое, ки назди Расулуллоҳ (с) аз қабилаи Наҷрон омада буданд, чун Расулуллоҳ (с) онҳоро ба Ислом даъват намуд, гуфтанд: “Мо кайҳо, яъне пеш аз ин Ислом овардаем.” Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфтанд: “Шумо дурӯғ мегӯед! Чӣ хел Ислом овардаед, ки барои Аллоҳ касеро фарзанд нисбат медиҳед, салиб (крест)-ро мепарастед. Гӯшти хинзир (хук)-ро мехӯред?”
Хулоса ҷузъи охири ояти мазкур бо ваъиду таҳдиди шадид чунин мефармояд, ки ҳар инсон он чиро, ки Аллоҳтаъоло дар китоби Худ – Қуръон фуруд овардааст, инкор мекунад, ҳар ойина Аллоҳтаъоло барои чунин шахс зудҳисобгирандаву зудҷазодиҳандааст. Зеро чунин шахсон ҳақиқати он китоберо, ки наздашон аст, (чӣ Қуръон бошад, чӣ дигар), инкор кардаанд. Агар онҳо нусхаҳои аввалу аслии китобҳои пешинро бори дигар хонанд, мебинанд, ки онҳо низ Қуръонро тасдиқ доранд ва итоат аз Қуръон, қонун-ҳои охир ва Пайғамбари охирро иршод фармудаанд. Натиҷа он аст, ки ҳар шахси алайҳи ин Қонуни бузург (яъне, Қуръон) ҳасад бурда, оятҳои онро инкор кунад, Худованд онро кофир эълом доштааст. Ояти баъдӣ давоми ояти қаблист.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «