Сураи Оли Имрон Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 18

شَهِدَ ٱللَّهُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَأُوْلُواْ ٱلۡعِلۡمِ قَآئِمَۢا بِٱلۡقِسۡطِۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ١٨ 

Шаҳидаллоҳу аннаҳу ла илоҳа илло Ҳува ва-л малаикату ва улу-л-ъилми қоиман бил қист. Ла илоҳа илло Ҳува-л Ъазизу-л Ҳаким. 18. 

18. Гувоҳӣ дод Аллоҳ ҳаройина, ҳеҷ маъбуде барҳақ ғайри Ӯ нест. Ва ҳамчунон гувоҳӣ доданд фариштагон ва соҳибони дониш, дар ҳоле ки Худованд бо адл тадбиркунандаи олам аст, нест ҳеҷ маъбуде (барҳақ), магар Ӯ, (ки) ғолибу устуворкор аст.

Сабаби нузули ин оятро муфассирони олиқадр чунин гуфтаанд: “Вақто ки Расулуллоҳ (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карда, дар он қарор ёфтанд, аз шаҳри Шом ду олиме аз олимҳои онҳо, ки пеш аз Ислом дар дини худашон олим ҳисобида мешуданд, ба назди Расулуллоҳ омада, ба он сифатҳое, ки дар китобҳояшон хонда буданд, Расулуллоҳ(с)-ро шинохтанд ва ба Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Ту Муҳаммадӣ?” Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Оре!” Боз онҳо савол доданд, ки: “Ту Аҳмадӣ?” Расулуллоҳ (с) гуфтанд: “Оре!” Онҳо гуфтанд: Мо туро аз чизе мепурсем, агар ту моро аз он хабар дода тавонӣ, мо ба ту имон меорем ва пайғамбарии туро тасдиқ мекунем.” Расулуллоҳ (с) ба онҳо гуфтанд: “Савол кунед!” Онҳо гуфтанд: “Шумо аз бузургтарин шаҳодате, ки дар китоби Аллоҳ зикр шудааст, моро хабар диҳед! “Дар ҳамин асно ояти мазкур нозил шуд, чун Расулуллоҳ (с) ин оятро ба онҳо хонданд, он ду мард пайғамбарии Расулуллоҳ (с)-ро тасдиқ намуда, имон оварданд.” Аллоҳтаъоло, ки ростгӯйтарини ростгӯяндагон ва одилтарини одилон аст, бандагони худро ба мазмуни ин оят таълим медиҳад, ки Аллоҳ худаш шоҳидӣ медиҳад, ки Ӯ Худ чунин Зотест, ки ғайри Ӯ ҳеҷ маъбуде барҳаққу сазовори ибодат нест. Яъне Ӯ таъоло Зотест, ки аз ҷамии махлуқоти Худ беҳоҷат аст. Ҳама махлуқот ба Ӯ таъоло мӯҳтоҷу фақиранд. Иловатан, Аллоҳтаъоло бори дигар фармудааст, ки инчунин ба ваҳдонияти Ӯ таъоло фариштагон ҳам шоҳидӣ медиҳанд. Аҳли илм ҳам бо далелҳое, ки Ӯ таъоло холиқу розиқ ва тақсимкунандаи муддати умри онҳост, бар ваҳдонияти Аллоҳтаъоло шоҳидӣ доданд, ки ҳеҷ Зоте ба ғайри Аллоҳи ягона лоиқу сазовори ибодат нест. Хулоса, фариштагон ва соҳибилмон шоҳидӣ додаанд, ки ба ҷуз Аллоҳи ягона дигар Зоте нест, ки мисли Ӯ таъоло дар тадбири корҳои худ ҳамеша бо адлу лоиқу сазовори парастиш бошад. Таъкидан Аллоҳтаъоло дар давоми оят бори дигар фармудааст, ки “нест илоҳе барҳаққу сазовори ибодат, магар Аллоҳи ягона”, зеро Ӯ таъоло дар мулки худ азизу ғолиб буда, иродаи Ӯро ягон чиз манъ карда наметавонад. Ӯ таъоло дар сунъи (санъати) худ бисёр боҳикмату устуворкор аст. Яъне ҳар кореро, ки Аллоҳтаъоло мекунад, чи сухан бошад, чи шариат, чи тақдир, дар ҳамаи онҳо ҳикмати Ӯст. Агар эътибор дода шавад, ояти мазкур он маъноро, ки дар аввали ҳамин сура гузашта буд, таъкид намудааст. Фарқ ин аст, ки ояти мазкур бо далелҳои раднопазир таъкид шудааст. Яъне, оё шохиде ҳаст, ки нисбат ба шоҳидӣ додани Аллоҳтаъоло пурқувваттар бошад? Илова бар ин, шоҳидии фариштагони муқарраб ва бандагони аҳли илм! Маълум шуд, ки ин ҳақиқатро ҳеҷ шахси солимақл инкор карда наметавонад.

Дар ҳадисе, ки Имом Аҳмад аз Зубайр ибни Авом ривоят кардааст, номбурда чунин гуфтааст: “Мо ҳамроҳи Расулуллоҳ (с) дар кӯҳи Арафот будем, Расулуллоҳ (с) ояти мазкурро хонданд, яъне “Шаҳидаллоҳу…” баъди хондани он гуфтанд: “Ай Парвардигори ман, ман ҳам аз ҷумлаи шоҳидони ин шаҳодат ҳастам.”

Акнун ояти зер, иншоаллоҳ, натиҷаи маънои ояти қаблиро, ки фақат Аллоҳи ягона сазовори парастиш аст, баён мекунад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)