Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 20
فَإِنۡ حَآجُّوكَ فَقُلۡ أَسۡلَمۡتُ وَجۡهِيَ لِلَّهِ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِۗ وَقُل لِّلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡأُمِّيِّۧنَ ءَأَسۡلَمۡتُمۡۚ فَإِنۡ أَسۡلَمُواْ فَقَدِ ٱهۡتَدَواْۖ وَّإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ ٢٠
Фа ин ҳоҷҷука фа қул асламту ваҷҳия лиллоҳи ва мани-т-табаъан. Ва қул лил лазина уту-л-китоба ва-л-уммиййина а-асламтум. Фа ин асламу фақад-иҳтадав. Ва ин таваллав фа иннамо ъалайка-л-балоғ. Валлоҳу басирун би-л-ъибод. 20.
20. Пас, агар бо ту хусумат варзанд, пас бигӯ: «Таслим намудам рӯи худро барои Аллоҳ ва ҳар кас пайравии маро кард (ӯ низ таслимшуда аст)». Ва бигӯ, барои ононе ки Китоб дода шудаанд ва ба бесаводон: «Оё (шумо чун мо) Ислом овардед?». Пас, агар Ислом оварданд, батаҳқиқ, роҳи ростро ёфтаанд. Ва агар рӯ гардониданд, пас, ҷуз ин нест, ки бар ту танҳо пайғом расонидан аст. Ва Аллоҳ ба зоҳиру ботини бандагон биност.
Чун Расулуллоҳ (с) ҳақиқати Исломро баён намуд ва гуфт, ки назди Аллоҳтаъоло дини ҳақиқӣ дини Ислом аст, наҷрониёни аҳли китоб бо ихтилофу муҷодала бархостанд, агар Расулуллоҳ (с) ҳуҷҷатеро барпо менамуд, онҳо боз мухолифати худро зиёд мекарданд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло Расули Худ (с)-ро дар ояти мазкур фармуд, ки агар бо ту ба истеза хезанд, бо онҳо муҷодала накун, ба онҳо бигӯ, ки ману пайравони ман зоҳиру ботини рӯи худро барои Аллоҳ таслим намудем. Зикри рӯй валлоҳу аълам, барои он аст, ки беҳтарини аъзои инсон рӯи ӯст. Агар инсоне рӯяшро ба Аллоҳ таcлим кунад, гӯё тамоми вуҷудашро ба Аллоҳ таслим намудааст. Бори дигар Аллоҳтаъоло, Пайғамбари худро дастур медиҳад, ки аз баҳсу муҷодалаи онҳо, то назди сухани саҳеҳ таслим нашаванд, дурӣ кунад. Зеро баҳсу муҷодала, ин кори аҳли китоб аст.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло амр мекунад, ки ба касоне, ки аҳли китобанд ва ба онҳое, ки уммианд (бесаводанд), яъне ба мушрикон, бигӯ, ки ману онҳое, ки тобеи мананд, таслими фармони ҳаққем. Оё шумо ҳам ҳамчу мо таслим шудаед, ё бар куфри худ боқӣ монданиед? Барои Ислом овардани шумо далелу бурҳони зиёде омадааст. Агар Ислом биёред, чунонеки дигарон Ислом оварданд, роҳи ҳидоятро ёфтаеду худро аз гумроҳӣ ба роҳи рост ва аз торикиҳои нодонӣ ба нури ҳидоят сафарбар кардаед!
Бори дигар Худованд барои тасаллии Ҳабиби худ мефармояд, ки агар аз чунин панду насиҳат рӯй гардонанд, ту барои ҳидояти онҳо мукаллафу масъул нестӣ. Барои ту таклифу расонидани амру наҳйи мо ҳасту халос. Инро ту бо камоли бояду шояд расонидӣ.
Хулоса, ҳисоби ҷамии аҳволу афкори пинҳону ошкорои чунин тоифаро Аллоҳтаъоло хуб бинандаву донанда аст. Ҳамаи онҳо таҳти назари Ӯ таъоло қарор гирифта, мувофиқи амалҳои содиркардаашон ҷазо ё мукофот мегиранд.
Дар ривоятҳо омадааст, ки вақто Расулуллоҳ (с) ин оятҳоро назди аҳли китоб хонд, онҳо гуфтанд: Мо Ислом овардем. Расулуллоҳ (с) ба яҳудиҳо гуфтанд: Оё шоҳидӣ медиҳед, ки Исо (а) калиматуллоҳ ва расули Ӯст? Онҳо гуфтанд: Аз гуфтани чунин сухан ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Барои насрониҳо гуфтанд: Оё шоҳидӣ медиҳед, ки Исо (а) бандаи Худо ва расули Ӯст? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: Мо аз гуфтани чунин сухан ба Аллоҳ паноҳ мебарем. Яъне яҳудиён ба пайғамбар будани Исо (а) иқрор нестанд ва модари ӯро тӯҳмат мезананд. Насрониён бошанд, Исо (а)-ро Худо, ё фарзанди Худо медонанд.
Бо овардани ҳадисе аз Имом Аҳмад, ки аз Анас (р) ривоят кардааст, мазмуни ояти мазкурро иншоаллоҳ, ба охир мебарем: Писарбачаи яҳудие буд, Расулуллоҳ (с)-ро хизмат мекард: оби таҳорат медод, наълайни Расулуллоҳ (с)-ро пеши пояшон мемонд ва ҳоказо. Рӯзе ӯ мариз шуд, Расулуллоҳ наздаш барои аёдат даромад. Падараш назди ӯ нишаста буд. Расулуллоҳ (с) ба ӯ гуфт: ё фулон, яъне номи ӯро гирифт, Ло илоҳа иллаллоҳ бигӯ! Ӯ ба сӯи падари худ назар кард, падараш сукутро ихтиёр кард. Бори дигар Расулуллоҳ сухани худро такрор намуд, ӯ бори дигар ба сӯи падари худ назар андохт. Падараш гуфт: Абулқосимро итоат кун. Баъди ин писарак гуфт: “Ашҳуду алло илоҳа иллаллоҳу ва иннака Расулуллоҳ”. Баъди ин моҷаро Расулуллоҳ аз назди он писарак хориҷ шуданд ва ин сухани муборакро гуфтанд: “Алҳамду лиллоҳил-лазӣ ахраҷаҳу би минан-нор”. Яъне Худоро шукр, ки бо с
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
абаби ман Худованд инро аз оташи Дӯзах хориҷ намуд (Бухорӣ).
Акнун аҳволу оқибати шахсонеро ки аз Ислом рӯ гардониданд, ояти зер, иншоаллоҳ, баён мекунад: