Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 194 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 194
رَبَّنَا وَآتِنَا مَا وَعَدْتَنَا عَلَىٰ رُسُلِكَ وَلَا تُخْزِنَا يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ إِنَّكَ لَا تُخْلِفُ الْمِيعَادَ ١٩٤
Раббано ва отино мо ваъа-т-тано ъало русулика ва ло тухзино явма-л-қийомаҳ. Иннака ло тухлифу-л-миъод. 194.
194. Эй Парвардигори мо, он чӣ моро ба воситаи пайғамбари Худ ваъда кардаӣ, бидеҳ ва рӯзи қиёмат моро шарманда макун, албатта, Ту ваъдаро хилоф намекунӣ».
Аз мазмуни оятҳои мазкур маълум мешавад, ки Ӯ таъоло беандоза қодир ва сифатҳои комилро соҳиб аст. Вақто инсон инро фаҳмад, Ӯ таъолоро ибодат мекунаду дар шаъни нишонаҳои Ӯ таъоло тафаккурро лозим медонад. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло дар ин силсила оятҳо сифат ва таърифи аҳли хирадро баён намуда фармудааст, ки соҳибхирадон касоне ҳастанд, ки ҳеҷ вақт ғофил набуда, зикру фикрро бо забон ва ба дил ҷамъ намуда, дар ҳама ҳол чи рост истода, чи нишаста, чи ба паҳлӯ ва ё хобида ба зикри Аллоҳ машғуланду бо забон онро ҷорӣ месозанд. Бо ривояте мурод аз “зикр” дар ин ҷо намоз аст. Яъне касоне, ки намозро дар ҳеҷ ҳолат тарк намекунанд ва онро дар ҳоли набудани узр рост истода, агар узре дошта бошанд, нишаста ё ба паҳлӯ ва ё хобида адо мекунанду дар офариниши осмонҳо ва замин фикр мекунанду мегӯянд, ки Парвардигоро, ин коргоҳи бузургу бекаронро беҳудаву бекор наёфаридаӣ. Чун инсон дарк кунад, ки Аллоҳтаъоло инҳоро беҳуда халқ накардааст, мефаҳмад, ки Аллоҳтаъоло ин дунёро ҳам майдони озмоиш қарор додааст, то фармонбардорон аз саркашон маълум шаванд. Хулоса, шахсе, ки ба ёди Аллоҳ машғул мешавад, заифии худро фаҳмида тасбеҳ мегӯяд, ки Парвардигоро, аз он чӣ, ки лоиқи сифатҳои Ту нест, пок ҳастӣ! Ӯ инсони бохирад аст. Чун соҳибхирадон ба вуҷуди ин ҳадафҳо эътироф мекунанд, ҳатто дар офариниши худ фикр намуда, мефаҳманд, ки Худованд онҳоро низ беҳуда халқ накардааст. Мефаҳманд, ки онҳо фақат барои зиндагии ин панҷрӯза дунёи гузарон наомадаанд. Мефаҳманд, ки сарои дигаре дар пеши онҳост ва дар он ҷо онҳоро подоши амалҳо, ҳисобу китоб, интизор аст. Онҳо масъулияти худро дарк сохта аз Аллоҳ дархост мекунанд, ки Худовандо, Ту аз ҳама сифатҳои нолоиқ пок ҳастӣ, моро аз азоби оташи Дӯзах нигоҳ дор! Ҳамчунин соҳибони хирад мегӯянд, ки Парвардигоро! Ҳар киро ба Дӯзах афканӣ яқин аст, ки ӯро хору расво ва шарманда сохтаӣ ва касеро ба оташи Дӯзах расво созӣ, агар ситамгор (кофир) бошад, барои ӯ ҳеҷ ёваре нест, то ӯро наҷот диҳад. Зеро, ёвари аслӣ имону амалҳои шоистааст, онҳо дар дунё ҳеҷ амали солеҳ накарданд. Бори дигар соҳибони хирад, яъне андешамандони зокир мефаҳманд, ки ин роҳи пурфарозу нишебро бе роҳбарони илоҳӣ ҳаргиз наметавон паймуд, ҳамеша дар орзуи шунидани овозу даъвати нидокунандагон мешаванд, то нидои онҳоро шунаванду онҳоро посух гӯянд, ки Парвардигоро! Ҳамоно шунидем даъваткунандае (Расулуллоҳ (с) аст ё Қуръон) моро мехонад, ки ба Парвардигоратон имон биёред! Мо даъвати ӯро лаббайк гуфта, бо тамоми вуҷуди худ имон овардем. Парвардигоро, гоҳо гуноҳе аз мо сар мезанад, моро бибахшу лағжишҳои моро пӯшу ҳамроҳи некон ва дар роҳу расми онҳо мирон. Дар охирин дуоҳояшон андешамндони зокир баъди анҷоми вазифаҳои хеш, мегӯянд, ки Парвардигоро! Он чиро ки ба василаи фиристодагонат ба мо аз подоши тоат ваъда додаӣ, ба мо ато кун! Ва моро дар рӯзи растохез шармандаву расво магардон! Зеро Ту зоте ҳастӣ, ки ваъдаро хилоф намекунӣ!
Дар ҳадисе омадааст, ки чун Расулуллоҳ (с) аз хобашон барои намози таҳаҷҷуд мехестанд, ин 10 ояти охири сураи Оли Имронро мехонданд ва дар охир бо дуои зайл назди Худованд муноҷот менамуданд: “Аллоҳумма иҷъал фи қалби нуран ва фӣ самъи нуран ва фӣ басари нуран ва ъан ямини нуран ва ъан шимоли нуран ва мин байни ядайя нуран ва мин халфи нуран ва мин фавқи нуран ва аъзим нуран явмал қиёмаҳ”.
Дар оятҳои баъдӣ дар бораи иҷобати дуо сухан меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «