Сураи Оли Имрон Ояти 195 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 195 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 195

فَاسْتَجَابَ لَهُمْ رَبُّهُمْ أَنِّي لَا أُضِيعُ عَمَلَ عَامِلٍ مِنْكُمْ مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَىٰ ۖ بَعْضُكُمْ مِنْ بَعْضٍ ۖ فَالَّذِينَ هَاجَرُوا وَأُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ وَأُوذُوا فِي سَبِيلِي وَقَاتَلُوا وَقُتِلُوا لَأُكَفِّرَنَّ عَنْهُمْ سَيِّئَاتِهِمْ وَلَأُدْخِلَنَّهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ ثَوَابًا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ عِنْدَهُ حُسْنُ الثَّوَابِ ١٩٥

Фастаҷоба лаҳум Раббуҳум анно ла узиъу ъамала ъомили-м минкум-м мин закарин ав унсао. Баъзукум-м мин баъз. Фа-л-лазина ҳоҷару ва ухриҷу мин дийориҳим ва узу фи сабили ва қоталу ва қутилу ла укаффиранна ъанҳум саййиотиҳим ва ла удхиланнаҳум ҷаннотин таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳору саавоба-м мин ъиндиллоҳ. Валлоҳу ъиндаҳу ҳусну-са-саавоб. 195.

195. Пас, дуои онҳоро Парвардигорашон қабул кард, гуфт: «Ҳаройина, амали ҳеҷ амалкунандаеро аз шумо (аз мард ё зан) зоеъ намегардонам, баъзеи шумо аз баъзеатон аст. Пас, он касоне, ки ҳиҷрат карданд ва аз хонаҳояшон берун карда шуданд ва дар роҳи Ман ранҷонида шуданд ва ҷанг карданд ва кушта шуданд, аз онҳо бадиҳояшонро албатта дур мекунам ва ҳаройина, онҳоро дар боғҳое дарорам, ки аз зери он боғҳо ҷӯйҳо мераванд, ин савобест аз ҷониби Аллоҳ. Ва подоши нек назди Ӯст».

Ояти мазкур, бо фо-и тафриъия (равшанкунанда) оғоз шуда далел бар он аст, ки байни ояти мазкур ва оятҳои қаблӣ ҳеҷ мунофоте (ҷудоие) набуда, балки байнашон алоқа барқарор аст. Аз он ҷумла, яке аз ҳамсарони Расулуллоҳ (с) Умми Салама (р) аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки ё Расулаллоҳ дар Қуръони карим аз фидокориҳои мардон чун ҷиҳод, ҳиҷрат ва ғайра фаровон зикр шудааст, оё занон ҳам дар ин зикршудаҳо ҳаққе доранд? Ҳамоно ояти мазкурро Аллоҳтаъоло нозил намуд ва дар он ба ин савол посух дод, ки Парвардигорашон бе фосила дуо ва ниёиши муъминоне, ки соҳиби ақлу хирад ва тафаккур ҳастанд, иҷобат намуд. Дар ҷумлаи баъдӣ фармуд, ки мардон аз занон ва занон аз мардон ва ҷинси ин ҳарду аз Одам ва Ҳавво (а) ба вуҷуд омадаанд, ман ҳаргиз амали амалкунандаҳои шуморо, хоҳ зан бошанд, хоҳ мард, бе тахсис зоеъ намегардонам. Аллоҳтаъоло суханашро бо қасам таъкид намуда фармудааст, ки барои касоне, ки тарки молу ҳолу диёр намуда, дар роҳи Аллоҳ ҳиҷрат намуданд ё онҳоро аз дару кошонаашон хориҷ намуданд ё дар роҳи Аллоҳ озорҳо кашиданд ё ҷангиданд ва ё дар ин роҳ кушта шуданд, аз тарафи Аллоҳ мужда ин аст, ки гуноҳони онҳоро бахшидам ва албатта онҳоро дохили чунин ҷаннате мегардонам, ки аз зери дарахтони он ҷаннат наҳрҳо ҷориянд. Ин ҳама савобу мукофотҳо бе шакку шубҳа аз тарафи Аллоҳ ба онҳо мерасад, зеро Ӯ таъоло чунин зотест, ки назди Ӯ барои амалкунандаҳо тамоми подошҳои нек мавҷуд аст.

Чунин маъноро дар ояти 40-уми сураи “Ғофир” ва дар ояти 97-уми сураи “Наҳл” мутолиа кардан мумкин. Оятҳои баъдӣ муъминонеро, ки ба сахтиҳо ва ба дастнорасогиҳо гирифторанд, насиҳат медиҳанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 194 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 196 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)