Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 32
قُلۡ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٣٢
Қул атиъуллоҳа ва-р-расул. Фа ин таваллав фа инналлоҳа ло юҳиббу-л-кофирин. 32.
32. Бигӯ: «Аллоҳ ва пайғамбарро фармон баред. Пас, агар рӯ гардонед, ҳаройина, Аллоҳ кофиронро дӯст надорад».
Аз мазмуни ояти мазкур чунин маълум мешавад, ки итоати Аллоҳ ва Расули Ӯ (с), хусусан барои шахсоне, ки худро мусалмон меҳисобанд, фарзи айн аст. Бинобар ин Аллоҳтаъоло Расули Худ (с)-ро дар ин оят фармудааст, ки бо масеҳиён, хоҳ аз қабилаи Наҷрон бошанд ё ғайр, бигӯ, ки итоати амри Аллоҳ ва Расули Ӯ (с)-ро кунед! Агар мухолифат кунед, Худованд кофиронро дӯст намедорад.
Ҳарчанд онҳо яке аз пайғамбарони улулазмро бо даъвои худ итоат доранд, локин то агар пайғамбари охируззамонро, ки Аллоҳтаъоло ӯ (с)-ро барои даъвати сақалайн (олами инсу ҷин) фиристодааст, итоат накунанд, мусалмон нестанд, зеро итоати Аллоҳ аз итоати Расули Ӯ (с) ҷудо нест. Пайғамбари охуруззамон чунин пайғамбарест, ки фаразан дигар пайғамбарон дар замони ӯ (с) бошанд, албатта аз Он ҳазрат (с) итоат мекарданд. Маълум мешавад, ки муҳаббати яктарафа маъно ва суде надорад.
Аллоҳтаъоло дар оятҳои баъдӣ дараҷаҳои бузурги пайғамбарон ва шарафи онҳоро баён мекунад. Дар аввал аз Одам (а) ва баъд аз одами сонӣ, яъне Нӯҳ (а) сухан оғоз мешавад. Баъдан сухан аз Оли Иброҳим (а) ва дар дохили он сухане чанд аз Муҳаммад (с) зикр мешавад. Дар охир, сухан аз Оли Имрон рафта ва дар дохили он қиссаи Исо (а) ҳамроҳ мешавад. Баъдан ҳодисаи мӯъҷизанок таваллуд шудани Марям (р) ва қиссаҳои Яҳё (а), Исо (а) меоянд. Инак, ояти зер:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «