Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 31
قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ٣١
Қул ин кунтум туҳиббуналлоҳа фаттабиъуни юҳбибкумуллоҳу ва яғфир лакум зунубакум. Валлоҳу Ғафуру-р-Раҳим. 31.
31. Бигӯ: «Агар бошед, ки Аллоҳро дӯст медоред, пас, маро пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст дорад ва гуноҳони шуморо биёмурзад ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст».
Дар баъзе тафсирҳо сабаби нузули ин оятро чунин ривоят кардаанд: “Гурӯҳе аз бутпарастон назди Расулуллоҳ (с) омада, муҳаббати худашонро ба Аллоҳ чунин изҳор намуданд: “Мо ба хотири он бутҳоро мепарастем, ки ба Аллоҳ наздик шавем.” Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки дар Мадина гурӯҳе аз масеҳиёни қабилаи Наҷрон назди Расулуллоҳ (с) ҳозир шуданд. Зимни суханронияшон бо Расулуллоҳ (с) гуфтанд, ки эҳтироми фавқулодате, ки мо Исо (а)-ро мекунем, ба хотири он аст, ки мо ба Аллоҳ муҳаббати зиёде дорем. Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб, ба онҳо ин ояти нозилшударо хонданд. Дар ин оят Худованд Расули худ – Муҳаммад (с)-ро мефармояд, ки ба чунин муддаиён бигӯ, ки агар шумо дар даъвои худ ҳақ бошеду Худоро дӯст медошта бошед, биёед маро тобеъ шавед, то шуморо Аллоҳ дӯст дорад, зеро ман Расули Ӯ таъоло ҳастам.
Ибни Касир мегӯянд: Ҳар инсоне, ки даъвои дӯстӣ ба Аллоҳ дошта бошад ва дар тариқаи (роҳа) Муҳаммад (с) бошад, ин ояти карима ҳоким ва ченаку баҳои ӯст. Ва агар на, чуноне ки Расулуллоҳ (с) фармудааст, ӯ козиб аст. Зеро Расулуллоҳ (с) фармудаанд, ки “Ман ъамила ъамалан лайса ъалайҳи амруно фаҳува раддун” – Шахсе амалеро чун дин гуфта анҷом диҳад, ки мо иҷрои он амалро амр накардаем, он амал мақбул нест. Яъне дар амалҳои исломӣ чизеро дохил карда шавад, ки фармоиши Расулуллоҳ (с) набошад, он амал радд (бе савоб) аст. Дар ҳақиқат ояти мазкур меъёри муҳаббати бандаро ба Аллоҳ ва Расули Ӯ (с) баён намуд. Аз чунин андоза маълум гардид, ки ҳар шахсе Пайғамбари Аллоҳро дӯст дорад, дар дину шариати Ӯ (с) қадам ниҳад, Худованд чунин шахсро аз талаби ӯ зиёд дӯст медорад ва аз баракати тобеъ шуданаш, Худованд гуноҳҳои гузаштаи онро омурзиш мекунад. Зеро Худованд омурзандаву ниҳоят меҳрубон аст.
Хулоса, шахсоне, ки бо сухан даъвои муҳаббати Аллоҳ ва Расули Ӯ таъолоро доранд, локин баъзе ибодатҳои сохтаро иҷро мекунанд, кори инҳо асл нест. Бахти бузург барои бандаи ҳақиқӣ он аст, ки ӯ Аллоҳ ва Расули Ӯ таъолоро итоат кунад. Аллоҳтаъоло дар ояти зер ому хоссро амр намуда мефармояд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «