Сураи Оли Имрон Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 46

وَيُكَلِّمُ النَّاسَ فِي الْمَهْدِ وَكَهْلًا وَمِنَ الصَّالِحِينَ ٤٦ 

Ва юкаллиму-н-носа фи-л-маҳди ва каҳла-в ва мина-с солиҳин. 46. 

46. Ва ба мардум дар гаҳвора ва дар ҳолати миёнасол шудан низ сухан мегӯяд. Ва ӯ аз ҷумлаи шахсони шоиста бошад».

Оятҳои мазкур ҷараёни таваллуд шудани Исо (а)-ро шарҳ медиҳанд: Яъне Худованд дар ин оятҳо мефармояд, ки ба ёд оваред замонеро, ки фариштагон бо иҷозати Парвардигор башоратеро ба Марям (а) расониданд. Яъне фариштагон ба ӯ гуфтанд, ай Марям, Худованд ба зудӣ аз ту калимаи (писари) бузургеро ба дунё пайдо мекунад. Номи ӯ Масеҳ – Исо (а) писари Марям (а) аст. Пайдоиши ӯ ба воситаи сухани Аллоҳ аст, ки Худованд гуфт: “Бош” дар ҳол ӯ пайдо шуд. Нисбат дода шудани Исо (а) ба номи модараш барои он аст, ки ӯ (а) падар надорад. Ба ҳар тақдир, Худованд мефармояд, ки мо шахсияти Исо (а)-ро дар дунё ва охират обрӯманд ва аз ҷумлаи шахсони наздиктарини даргоҳи худ қарор додаем. Яъне, Худованд ӯ (а)-ро пайғамбар гардониду ваҳйи худро ба ӯ фиристод ва барои ӯ китобу шариат ато намуд. Ӯро дар қатори дигар пайғамбарон пайғамбари улулазм шуморид ва ӯро соҳибшафоат гардонид. Дар офариниши Исо (а) бо калимае, ки Худованд гуфт яъне, “Бош, ё шав” ва ӯ пайдо шуд, ҳеҷ тааҷҷубе нест, зеро Аллоҳтаъоло ба ҳама кор қодир аст. Ҷисми Одам (а)-ро аз як хоку лойи беҷон офарид, баъд хитоб намуда “кун”, яъне “бош” гуфт, дарҳол ҷон дар қолаби ӯ (а) даромаду зинда шуд. Ин ҳама тақдири илоҳист, вагарна духтари бокира худ ба худ ҳомиладор намешавад. Локин Марям (а) бо амри Аллоҳ ва бо туфайли сухани Парвардигор ҳомиладор шуд. Исои Масеҳ ибни Марям гуфтани фарзанди барӯмандро ба дунё овард. Башорати дигаре, ки фариштагон аз сифати он фарзанди наҷибу фозил барои тасаллии Марям (а) доданд, ин аст, ки Исо (а) метавонад дар ҳолати тифлӣ, яъне дар ҳолати дар гаҳвора будан ва дар ҳолате, ки миёнсол мешаваду вақто ки Худованд ба ӯ (а) ваҳй мефиристад, сухан мегӯяду мардумро ба сӯи ибодати Худои ягона, ки ҳеҷ шарике надорад, даъват мекунад, ки ин як мӯъҷиза ва нишонаи ҳаққ будани фиристода шудани ӯ (а) аз ҷониби Парвардигор аст. Сифати дигари он фарзанди наҷиб дар он аст, ки Аллоҳтаъоло ӯ (а)-ро аз ҷумлаи солеҳин (накӯкорон) хондааст. Яъне Исо (а) сазовори ин шоистагиҳо ва ифтихор ва ҳама арзишҳои инсонӣ гаштааст. Сари ин достон бори дигар дар сураи Марям, иншоаллоҳ, боз мегардем. Вақто ки Марям (а) ин башоратро мешунавад, ин духтари бокира дар ҳаяҷону тааҷҷуб мемонад, ки ин чӣ гуна сир аст ва назди Парвардигор, чунонеки ояти зер ишора мекунад, даст ба муноҷот бардошта мегӯяд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)