Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 48
وَيُعَلِّمُهُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَالتَّوْرَاةَ وَالْإِنْجِيلَ ٤٨
Ва юъаллимуҳу-л-китоба ва-л-ҳикмата ва-т-Таврота ва-л-Инҷил. 48.
48. Ва (Аллоҳ) ӯ (Исо)-ро Китоб, ҳикмат (дониш), Таврот ва Инҷил биомӯзад.
Аллоҳтаъоло ба модари Исо (а) Марям (а) зимни ин оят мужда мерасонад, ки мо писари ту – Исо (а)-ро навиштану илму ҳикмат ва Тавроту Инҷилро таълим медиҳем ва ӯро ба мартабаи пайғамбарӣ мерасонем. Бинобар хабарҳое, ки дар тафсирҳо омадааст, Исо (а) Тавротро, ки ба Мӯсо (а) ва Инҷилро, ки ба худи ӯ (а) аз тарафи Аллоҳтаъоло нозил шудаанд, аз ёд медонистааст. Табиист, ки шахсоне, ки аз сӯи Аллоҳтаъоло барои роҳбарии мардум таъин мешаванд, бояд дар дараҷаи аввал аз илму донишу маърифати кофӣ бархурдор бошанд. Бинобарин Исо (а) Тавроте, ки ба Мӯсо (а) ва Инҷиле, ки барои пурра сохтани Таврот ба ӯ (а) нозил шуда буданд, аз ёд медонист. Худованд ӯ (а)-ро, чунонеки ояти зер мефармояд, пайғамбар гардонид ва бо адл байни мардум ҳукм карданро ба ӯ (а) таълим намуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «