Сураи Оли Имрон Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 49

وَرَسُولًا إِلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ أَنِّي قَدْ جِئْتُكُمْ بِآيَةٍ مِنْ رَبِّكُمْ ۖ أَنِّي أَخْلُقُ لَكُمْ مِنَ الطِّينِ كَهَيْئَةِ الطَّيْرِ فَأَنْفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيْرًا بِإِذْنِ اللَّهِ ۖ وَأُبْرِئُ الْأَكْمَهَ وَالْأَبْرَصَ وَأُحْيِي الْمَوْتَىٰ بِإِذْنِ اللَّهِ ۖ وَأُنَبِّئُكُمْ بِمَا تَأْكُلُونَ وَمَا تَدَّخِرُونَ فِي بُيُوتِكُمْ ۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ ٤٩

Ва расулан ило банӣ Исрщола анно қад ҷиътукум би ояти-м ми-р-Раббикум аннӣ ахлуқу лакум мина-т-тини ка ҳай-ати-т-тайри фа анфуху фиҳи фа якуну тайран би изниллоҳ. Ва убриу-л-акмаҳа ва-л-абраса ва уҳйи-л-мавто би изниллоҳ. Ва унаббиукум би мо таъкулуна ва мо таддахируна фи буйутикум. Инна фи золика лаоята-л лакум ин кунтум муъминин. 49. 

49. Ва (ӯро) ба сӯйи бани Исроил пайғамбар гардонид. Ва Исо гуфт: «Ҳаройина, ман аз ҷониби Парвардигоратон пеши шумо нишонае овардам. Ҳаройина, месозам барои шумо аз гил монанди шакли парранда, пас дар он медамам, пас ба ҳукми Аллоҳ парранда мешавад ва кӯри модарзодро ва песро беҳ мекунам ва бо ҳукми Аллоҳ мурдагонро зинда месозам ва шуморо ба он чӣ мехӯред ва он чӣ дар хонаҳои худ захира мекунед, хабар медиҳам. Ҳаройина, дар ин кор агар шумо муъмин бошед, аломати ҳаққонияти ман собит аст.

Ояти мазкур шояд давоми ояти қаблӣ бошад. Худованд дар ин оят фармудааст, ки мо ба Исо (а) ваҳйи худро расонидем, ки ӯро барои бани Исроил пайғамбар мегардонем. Бинобар ин чун Ҷабраил (а) дар гиребони Марям (а) бо амри илоҳӣ бидамид, (дар сураи Марям ва дар охири сураи “Моида” иншоаллоҳ, ин қисса васеътар бо тарзи дигар меояд), Марям ҳомиладор шуд. Вақто ки Марям Исо (а)-ро ба дунё оварду Худованд ӯро ба пайғамбарӣ мушарраф гардонид, ӯ (а) ба бани Исроил гуфт, ки ман аз ҷониби Аллоҳ барои шумо нишонае овардаам, ки он ба ҳақ будани пайғамбарии ман далолат мекунад. Ва бо чунин мӯъҷизаҳо Парвардигор маро қувват мебахшад. Аз он ҷумла ман аз лой чизеро ба шакли паранда месозам ва дар он медамам, бо амри Парвардигор он дар ҳаво мепарад. Ман метавонам, беморонеро, ки илоҷи дарди онҳо ба шумо маълум нест, табобат кунам ва Худованд ба онҳо шифо бахшад. (Яъне Исо (а) дар ҳаққи кӯрони модарзод ва песон дуо мекард, Худованд онҳоро беҳбудӣ мебахшид). Ва ман метавонам бо иҷозати Парвардигор мӯъҷизаи дигареро барои шумо нишон диҳам. Яъне, мурдагонро зинда созам. Инчунин метавонам бо мӯъҷизаҳои илмии худ аз он чи, ки шумо алъон мехӯреду ва аз он чи, ки шумо дар хонаҳои худ захира доред, ба шумо хабар диҳам. Агар шумо муъмин бошед, ҳамаи ин барои пайғамбарии ман аз ҷониби Аллоҳтаъоло нишона аст! 

Дар ҳақиқат, аз аввали ин оят маълум аст, ки Исо (а) барои бани Исроил пайғамбар аст. Яъне Таврот барои Исо (а) ҳам китоби илоҳӣ ҳисобида шудааст. Одатуллоҳ чунин ҷорӣ шудааст, ки агар хоҳад барои қавме пайғамбареро фиристад, ҳоли иҷтимоӣ, ақлу савия ва илму дониши онҳоро ба назар гирифта, чандон мӯъҷизаҳои зиёд ба он пайғамбари фиристодааш медиҳад, ки ӯ метавонад пайғамбарии худро бо он мӯъҷизаҳо исбот кунад. Маънои мӯъҷиза он аст, ки Худованд ба пайғамбарон қобилияти иҷрои кореро медиҳад, ки аз дасти одамҳои оддӣ иҷрои ин гуна амалҳо намеояд. (Масалан, Аллоҳтаоло Мӯсо (а)-ро бо мӯъҷиза дар замони мардуме ба сифати пайғамбарӣ фиристод, ки он қавм дар илми сеҳр мумтоз буданд. Ҳар инсоне, ки сеҳр карда метавонист, инсони бообрӯ ҳисобида мешуд. Агар он сеҳргарон бандеро ба замин меандохтанд дар назари мардум мору аждаҳо менамуд. Агар Мӯсо (а) асо (мӯъҷиза)-и худро ба замин меандохт, ба мори калон бадал мешуд ва ҳамаи он мору аждаҳои он сеҳргаронро фурӯ мебурд.) 

Ояти мазкур тасдиқ мекунад, ки Аллоҳтаоло Исо (а)-ро барои бани Исроил дар сифати пайғамбарӣ дар он замоне фиристод, ки илми тибб хеле боло рафта буд ва ривоҷи хубе дошт. Бинобар ин, Аллоҳтаоло ба Исо (а) мӯҷизае ато намуд, ки аз дасти табибони он давра намеомад. 

Масалан, ба ҳайкали паранда бо изни Парвардигор аз лой шаклан парандае месохт пуф мекард, ба амри Парвардигор паранда зинда гашта дар ҳаво мепарид. Барои кӯри модарзод, ё песҳо дуо мекард, Худованд онҳоро шифо мебахшид. Ё ин ки мурдаеро зинда мекарду аз ҳоли ӯ мепурсид. Ин мӯъҷиза


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

ҳо аз дасти табибҳои он давра намеомад. Зеро онҳо моддапараст буда, ба ғайбиёт асло бовар надоштанд. Сабаби моддии ҳар чизро кофтуков мекарданд, ба ҳодисаҳои моварои (берун аз) табиат бовар надоштанд. Бинобар ин, барои муолиҷаи ин бемории рӯҳии онҳо Худованд Исо (а) – ро бо чунин мӯъҷизаҳо фиристод. Аз номи Исо (а) хабари суханҳои ӯ дар оятҳои зер идома дорад.

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)