Сураи Оли Имрон Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 52

فَلَمَّا أَحَسَّ عِيسَىٰ مِنْهُمُ الْكُفْرَ قَالَ مَنْ أَنْصَارِي إِلَى اللَّهِ ۖ قَالَ الْحَوَارِيُّونَ نَحْنُ أَنْصَارُ اللَّهِ آمَنَّا بِاللَّهِ وَاشْهَدْ بِأَنَّا مُسْلِمُونَ ٥٢ 

Фа ламма аҳасса Ъисо минҳуму-л-куфра қола ман ансорӣ илаллоҳ. Қола-л-ҳавориййуна наҳну ансоруллоҳи оманно биллоҳи   вашҳад би анно муслимун.   52.

52. Пас, ҳангоме ки Исо (а) аз онҳо куфрро эҳсос кард, гуфт: «Кистанд ёридиҳандагони ман дар роҳи Худо?». Ҳаввориён (шогирдони ӯ) гуфтанд: «Мо ёридиҳандагон (дин)-и Худоем. Ба Худо имон овардаем ва гувоҳ бош, ки мо фармонбарандагонем».

Худованд зимни ин оят аз саргузашти Исо (а) хабар медиҳад, ки чун Исо (а) барои бани Исроил ҳамчу пайғамбар фиристода шуд ва онҳоро, чуноне ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, ба роҳи рост даъват намуд, манфиати ношаръии баъзе аз онҳо ба хатар уфтод. Локин гурӯҳе аз онҳо буданд, ки атрофи Исо (а) ҷамъ буданд. Исо (а) чун эҳсос намуд, ки баъзеи онҳо кофиранду гумроҳ ва иродаи куштани ӯ (а)-ро доранду дар гумроҳии доимӣ боқӣ мемонанд, Исо (а) ба онҳо гуфт, ки чи касон барои таблиғи дини Аллоҳ ба ман ёрӣ медиҳанд? Танҳо гурӯҳи андаке (яъне ҳавориён) ба ин савол посух доданд. Яъне, онҳое, ки муъмину тобеи Исо (а) буданд, гуфтанд, ки мо дини Аллоҳро нусрат медиҳем! Мо ба Аллоҳ имон овардаем ва мо он чиро, ки ту аз назди Аллоҳ овардаӣ, тасдиқ дорем. Ай Исо (а), ту шоҳид бош, ки мо барои пайғамбарии ту холисона сарфурудовардагонем ва мо холисона барои ривоҷи дини Аллоҳ туро ёрӣ медиҳем. Албатта, мо ба он чӣ, ки ту аз назди Аллоҳ овардаӣ, таслимшудагонем. Баъдан ҳавориён, чунонеки ояти зер ишора мекунад, бо илтиҷо назди Аллоҳтаоло дуо намуданд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)