Сураи Оли Имрон Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 56

فَأَمَّا الَّذِينَ كَفَرُوا فَأُعَذِّبُهُمْ عَذَابًا شَدِيدًا فِي الدُّنْيَا وَالْآخِرَةِ وَمَا لَهُمْ مِنْ نَاصِرِينَ ٥٦

Фа амма-л-лазина кафару фа уъаззибуҳум ъазобан шадидан фи-д-дунйо ва-л-охирати ва мо лаҳум-м мин-н-носирин. 56. 

56. Пас, онон, ки кофир шуданд, дар дунё ва (дар) охират онҳоро азоби сахт мекунам. Ва барои онҳо ҳеҷ кас ёридиҳанда набошад».

Аллоҳтаъоло мефармояд, ки ононе, ки ба ҳазрати Исо (а) ва ё ба дигар пайғамбарон кофир шудаанд, хусусан онон, ки ҳаққро шинохтанду онро пӯшиданд,  ба азоби шадид дучор меоянд. Илова бар ин, барои кофирон ҳеҷ ёридиҳандае дар он рӯз нест, то онҳоро аз азоби Аллоҳтаъоло наҷот диҳад. 

Хулоса, баъди омадани дину шариати охир, ки ба ҳазрати Муҳаммад (с) мансуб аст, яъне ба ғайр аз он чи, ки Қуръони карим аз китобҳои пешин дар худ роҳ додааст, дигар ҳама мансуху аз амал манъ аст. Ваъдаи Худованд ин аст, ки ҳар шахсе дар айни замон ба ғайри дини Ислом, дигар динро пайравӣ мекунад, ӯ аз ҷумлаи ҳалокшудагон аст. Ояти зер сарнавишти онҳоеро, ки акси ин гурӯҳанд, иншоаллоҳ, эзоҳ медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)