Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 55
إِذْ قَالَ اللَّهُ يَا عِيسَىٰ إِنِّي مُتَوَفِّيكَ وَرَافِعُكَ إِلَيَّ وَمُطَهِّرُكَ مِنَ الَّذِينَ كَفَرُوا وَجَاعِلُ الَّذِينَ اتَّبَعُوكَ فَوْقَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِلَىٰ يَوْمِ الْقِيَامَةِ ۖ ثُمَّ إِلَيَّ مَرْجِعُكُمْ فَأَحْكُمُ بَيْنَكُمْ فِيمَا كُنْتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ ٥٥
Из қолаллоҳу йо Ъиса инни мутаваффика ва рофиъука илайя ва мутаҳҳирука мина-л-лазина кафару ва ҷоъилу-л-лазина-т-табаъука фавқа-л-лазина кафару ило явми-л-қийомаҳ. Сумма илайя марҷиъукум фа аҳкуму байнакум фи мо кунтум фиҳи тахталифун. 55.
55. (Ба ёд оред) вақтеро ки Аллоҳ гуфт: «Эй Исо, ҳаройина, Ман ба сӯйи Худ баргиранда ва бардоранда ва аз суҳбати касоне, ки кофир шуданд, поккунандаи туам ва то рӯзи қиёмат болои ононе ки кофир шуданд, (ғолиб) гардонандаи тобеъони туам. Сипас, ба сӯйи Ман аст бозгашти шумо, пас, дар он чӣ ихтилоф мекардед, миёни шумо ҳукм мекунам.
Ояти мазкур марбут ба зиндагонии ҳазрати Исо (а) аст. Яъне назди муфассирони исломӣ мувофиқ ба ояти 158 с. “Нисо” ин аст, ки Исо (а) аз он макре, ки яҳудиён ороста буданд, кушта нашудааст, балки Худованд ӯро ба осмон бурдааст. Аксари муфассирон маънои калимаи мутаваффоро дар ин ҷо ба маънои “хобкунанда” гуфтаанд. Барои тақвияти фикрашон аз Қуръони карим, чунонеки гузашт, ояти 60-ро аз сураи “Анъом” мисол меоранд. (Ӯ таъоло касест, ки рӯҳи шуморо дар шаб мегирад ва аз он чи дар рӯз анҷом медиҳед, огоҳ аст). Ва инчунин ҳадисеро аз Расулуллоҳ (с) далел овардаанд, ки дар он ҳам хобро ба маънои марг маънидод кардаанд. Яъне, чун Пағамбар (с) аз хобашон мехестанд, мегуфтанд: “Ҳамд мар он Худоро, ки баъди мурдан боз маро зинда гардонид”.
Хулоса, мувофиқи эътиқоди мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоъат, ки он аз манбаи мӯътабар асос мегирад, Исо (а) ҳоло маргро начашидааст, яъне зинда аст. Аллоҳтаъоло, ӯро дар ҳолати хоб аз ин ҷаҳон пурра гирифта, ба назди Худ хондааст. Пеш аз он ки қиёмат қоим шавад, баргашта ба Замин мефарояд. Ба ҳар тақдир, Аллоҳтаъоло Исо (а)-ро чӣ хел ба назди Худ хонд, ба ғайри Худо дигар ҳеҷ кас намедонад. Зеро ин қисми оят аз ҷумлаи оятҳои муташобеҳот (сир) аст.
Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ба Исо (а) гуфтааст, ки ай Исо, Ман туро бармегардонам ва ба сӯи Худ боло мебарам. Ва туро аз шарри касоне, ки кофир шудаанду иродаи қатли туро доранд, пок месозам. Яъне, Аллоҳтаъоло Исо (а)-ро аз қавмҳое, ки яҳуду маҷусу кофир буданд, раҳонид.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло ба Исо (а) башорат расонидааст, ки Мо пайравони туро то рӯзи қиёмат бар кофирон бартарӣ медиҳем. Яъне шахсоне, ки ба Исо (а) имон овардаанд, мисли ҳавориён ва касоне, ки тобеи ӯ (а) шудаанд, бар ононе, ки пайғамбарии Масеҳ (а)-ро инкор кардаанд, то қиёмат бо ҳуҷҷату қувва дастбаланданд. Масеҳиёни ҳозира худро тобеи дини Ҳазрати Исо (а) донанд ҳам, аз ҳукми ин оят берунанд, онҳо масеҳиёни ҳақиқӣ нестанд, зеро онҳо он дину он шариати ҳақиқие, ки назди Исо (а) буд, тағйир додаанд. Акнун дини росту дуруст назди Аллоҳтаъоло, ин дини Ислом аст. Яъне, ҳар шахсе ба Исо (а) имон дошта бошад, бояд ба Аллоҳу фариштагони Ӯ ва ба ҳама пайғамбарони фиристодаи Ӯ таъоло, бовар дошта бошад. Зеро дар шариати ҳақиқии Исо (а) омадааст, ки бояд пайравони ӯ (а) ҳама пайғамбаронро тасдиқ дошта, аз он ҷумла, ба шариати охире, ки ба пайғамбари охируззамон яъне, Муҳаммад (с) омадаасту тамоми шариатҳои қаблиро аз амал манъ намуда, то машриқу мағриб паҳн гардидааст, тобеъ бошанд. Онҳоеро, ки тобеи ин шариат шудаанд, Худованд нусрат бахшидааст.
Дар охири оят Аллоҳтаъоло барои онҳое, ки чунин амал накардаанд фармудааст, ки рӯзи қиёмат бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст. Ҳар инсон мувофиқи амалҳои дар дунё содиркардааш мукофот мегирад, ё ҷазо мебинад. Касоне, ки дар ин дунё дар ҳаққи Исо (а) ихтилофҳо доранду он ихтилофҳо назди онҳо гӯё кушоданашавандаанд, Худованд худаш онҳоро ҳаллу фасл мекунад. Рӯзи қиёмат ҳукм нисбати ҳар шахс чӣ гуна мешавад? Ҷавоби ин саволро ду ояти баъдӣ баён мекунанд:
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «