Сураи Оли Имрон Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 66

هَا أَنْتُمْ هَٰؤُلَاءِ حَاجَجْتُمْ فِيمَا لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ فَلِمَ تُحَاجُّونَ فِيمَا لَيْسَ لَكُمْ بِهِ عِلْمٌ ۚ وَاللَّهُ يَعْلَمُ وَأَنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ ٦٦ 

Ҳаантум ҳаулаи ҳоҷаҷтум фи мо лакум биҳи ъилмун фа лима туҳоҷҷуна фи мо лайса лакум биҳи ъилм. Валлоҳу яъламу ва антум ло таъламун. 66. 

66. Эй мардум, огоҳ шавед, ки дар он чӣ шуморо дониш буд, мухосама кардед. Пас, дар он чӣ шуморо ба он дониш нест, чаро мухосама мекунед? Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.

Агарчӣ мухотаби ин оятҳо оммаи мардум аст, валлоҳу аълам, локин давоми сӯҳбати Расулуллоҳ (с) бо насрониҳои Наҷрон ва олимони яҳуд аст. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби худ (с) зимни ин оят фармудааст, ки ба онҳо бигӯ, ки эй мардум! Огоҳ шавед, агар шумо дар шаъни Исо (а) ва Тавроту Инҷил каму беш илме доштед, бо ман баҳсу талош намудед. Акнун чаро дар шаъни Иброҳим (а), ки илм надоред, дини ӯро нисбат ба яҳудия ва насрония дода, бо ман ҷидол мекунед? Оё ин нишонаи камхирадии шумо нест? Давоми ояти мазкур бори дигар ба яҳуду насоро ҷавоб медиҳад, ки ҳақиқати Таврот ва Инҷил, хусусан кӣ будани Иброҳим (а) ва ба кадом дин наздик будани ӯро Аллоҳ медонад, шумо намедонед! Акнун шунавед, Қуръони карим, шуморо чӣ хел бо ояти зер, дурӯғгӯ мегардонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)