Сураи Оли Имрон Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Оли Имрон Ояти 98

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لِمَ تَكْفُرُونَ بِآيَاتِ اللَّهِ وَاللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا تَعْمَلُونَ ٩٨

Қул йа аҳла-л-китоби лима такфуруна би ойотиллоҳи валлоҳу шаҳидун ъало мо таъмалун. 98.

98. Бигӯ: «Эй аҳли Китоб, чаро ба оятҳои Аллоҳ кофир мешавед?!, ҳол он ки ба он чӣ мекунед, Аллоҳ гувоҳ аст».

Аллоҳтаъоло Пайғамбари худ (с)-ро дастур дода мефармояд, ки ба аҳли китоб (яҳудиён) бигӯяд, ки эй аҳли китоб, бо вуҷуди ин қадар далелҳои равшан, (ҳатто дар Таврот дар бораи ҳақ будани Қуръон ва нозил шудани он бар Муҳаммад (с) далелҳо омадааст), чаро ин қадар саркашӣ мекунеду кофир мешавед? Бояд бидонед, ки аз ҳар кору тадбиру нияте, ки шумо мекунед, Аллоҳ бохабар аст, шуморо мувофиқи амалҳоятон ҷазо хоҳад дод.

Аллоҳтаъоло маломати чунин тоифаро дар ояти зер идома дода мефармояд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Оли Имрон Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Оли Имрон Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)