Тафсири Сураи Оли Имрон Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Оли Имрон Ояти 99
قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لِمَ تَصُدُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ مَنْ آمَنَ تَبْغُونَهَا عِوَجًا وَأَنْتُمْ شُهَدَاءُ ۗ وَمَا اللَّهُ بِغَافِلٍ عَمَّا تَعْمَلُونَ ٩٩
Қул йа аҳла-л китоби лима тасуддуна ъан сабилиллоҳи ман омана табғунаҳо ъиваҷа-в ва антум шуҳадаъ. Ва маллоҳу би ғофилин ъаммо таъмалун. 99.
99. Бигӯ: «Эй аҳли Китоб, чаро аз роҳи Аллоҳ касеро, ки имон овардааст, боз медоред ва барои он роҳи каҷеро металабед ва ҳол он ки шумо бохабаред!? Ва Аллоҳ аз он чӣ мекунед, бехабар нест».
Аллоҳтаъоло зимни ин оят, хусусан аҳли китобро таҳдиду маломати шадид намуда, Ҳабиби Худ (с)-ро дастур медиҳад, ки ба онҳо бигӯяд, ки ай аҳли китоб, агар шумо ба пазируфтани дини Исломи ростин ҳозир нестед, пас чаро кӯшиш доред, ки дигар имоновардагонро, аз ин роҳ боздореду ин роҳи росту дурустро бо фарзу тахмини хеш, айб пиндоред ва дар назари онҳо каҷу нодуруст нишон диҳед? Ҳол он ки бояд шумо аввалин шахсоне бошед, ки ба шариати охирфиристодаи илоҳӣ мутеъ бошед. Зеро шумо ин ҳама ҳақиқатро дар китобҳои осмоние, ки барои шумо нозил шуда буд, хондаву донистед ва ишораи зоҳир шудани ин пайғамбар ва ин дини ҳаққ қаблан барои шумо зикр шуда буд. Шумо ба ин ҳама гувоҳу шоҳид ҳастеду ин ҳамаро медонед, чаро амалеро анҷом медиҳед, ки хилофи гуфтаҳои китобҳои шумост?
Худованд онҳоро бори дигар таҳдиду ваъид намуда, дар охири оят мефармояд, ки аз ҳилаву найрангҳое, ки аҳли китоб барои манъ сохтани дини Ислом омода мекунанд, ғофил нест. Аз ҳамаи онҳо хабардор аст, ба зудӣ онҳоро мувофиқ ба он амалҳои содиркардаашон ҷазо медиҳад.
Ояти зер, мусалмононро хитоб намуда, мефармояд, ки бояд аз макру ҳилаи аҳли китоб ҳушёр бошанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Оли Имрон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «