
Атриёти шарқӣ сол аз сол дар кишварҳои гуногуни дунё машҳуртар мегардад ва қалби нозуктаринҳои на танҳо Шарқ, ҳамчунин, Ғарбро тасхир мекунад. Сирри ин комёбӣ дар чист?
Асоси атри атторони аврупоӣ спирт аст, ки бо моддаҳои хушбӯй омехта месозанд. Спирт ба пӯсти инсон расида бухор мешавад, накҳат бошад, аз 2 то 6 соат боқӣ мемонад.
Атри арабӣ омехтаи равғанҳои муаттари табиист, ки аз рустаниҳо мегиранд. Он об, спирт ва дигар иловаҳои кимиёӣ надорад ва бухор намешавад, баръакс дар пӯст ҳазм мешавад. Аз ин ҳисоб накҳат камаш 10 соат ба машом мерасад. Яъне бӯи устувор хусусияти асосии фарқкунандаи атрҳои арабист.

Атри арабӣ пош дода намешавад, онро ба пӯст, мӯй ё либос бо қаламчаи хоссаи шишагӣ мемоланд. Ҳамчунин, басарфа аст, ба худ нисфи шишачаро холӣ кардан ҳоҷат нест, ҳамагӣ як қатра кофист.
Дигар хусусияти ҷолиби атриёти арабӣ — аксар накҳати шарқӣ баръакси аврупоӣ ба занонаю мардона тақсим намешаванд, онҳо ҳамабобанд.
Зарфи атри арабиро аз булӯри кӯҳӣ сохта, бо сангҳои табиӣ, чарм, чӯб ва нақшу нигор оро медиҳанд.


