Сураи Раҳмон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рахмон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Раҳмон Ояти 31

سَنَفۡرُغُ لَـكُمۡ اَيُّهَ الثَّقَلٰنِ‌ۚ ٣١

Са нафруғу лакум айюҳа-с-сақалан. 31.

31. Эй ду қофилаи сангин (инсу ҷин), ба зудӣ аз ҳисоби ҳамаи шумо фориғ шуда башумо мепардозем.

Дар ин оят калимаи «санафруғу» истифода шудааст. Муфассирон ин калимаро на ба маънои аслӣ, балки чун истиъора ба маънои таҳдид, ваъид (ваъдаи хафви ҷазо) истифода кардаанд. Валлоҳу аълам фишурдаи аксари тафсирҳо ин аст. Ай ду қофилаи сангдили ҳақро нодидагир, ин шуғле, ки дар дунё доред, хоҳед, ё нахоҳед, рӯзе ба охир мерасад. Даври дувум (охират) оғоз мешавад. Ба зудӣ номаҳои аъмоли шумо аз назар гузаронида мешаванд. Ҳангоми ҳисобу китоб ҳама амалҳои шумо маълум шуда, гунаҳкорон ҷазои комил, вафодоронро мукофоти бузург дода мешавад. Ба коре машғул шудану аз коре ғофил мондан ин сифати банда аст. Аллоҳ таъоло аз чунин сифатҳо пок аст. Балки илми Ӯ таъоло дар они воҳид тамоми коинотро иҳота дорад. Ҳаргиз чизе Ӯро аз чизи дигар машғул гардонида наметавонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Раҳмон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Раҳмон Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)