Тафсири Сураи Рахмон Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Раҳмон Ояти 4
عَلَّمَهُ الۡبَيَانَ ٤
Ъалламаҳу-л-байан. 4.
4. Ӯро сухан гуфтан омӯхт.
Аллоҳ таъоло инсонро шунаво, бино халқ намуд ва сухангӯиро ба ӯ омӯхт. Яъне ба инсон қобилияти сухан гуфтану фаҳмидани онро осон гардонид. Дар ҳақиқат инсон дар байни тамоми махлуқот ба чунин неъмати бузург (сухангӯӣ) фарқ мекунад.
Агар дигар махлуқ сухан гӯяд ҳам, аслӣ набуда, балки тақлидӣ аст ё дар вақти сухан гуфтан мақсаде надорад ва ё мақсади худро адо карда наметавонад. Инсон бояд дар баробари дигар неъматҳо шукргузори ин неъмати бебаҳо бошад. Аз баракати ҳамин неъмати сухангӯист, ки инсон Қуръонхон мешавад ва маънои онро мефаҳмад, менависад ва ғайра…
Ба тартиби оятҳо эътибор диҳед. Дар ин сура Худованд таълими Қуръонро пеш аз офариниши инсон баён намудааст. Бинобар ин, муфассирон хулоса баровардаанд, ки инсон бояд Қуръонро муҳимтарин неъмат донад ва аз таълими Қуръон баҳравар шавад, зеро он асли неъмати динӣ ва дунявӣ аст.
Байзовӣ дар тафсири худ мегӯяд, ки зикри пай дар пайи теъдоди неъматҳои нав ба нави ба инсон дода шуда истодааст, то ин ки инсон шукргузор бошад. Огоҳист, ки инсон аз камбудӣ холӣ нест ва аз ӯҳдаи шукри ҳамаи неъматҳо баромада наметавонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Раҳмон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «