Тафсири Сураи Рум Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 20
وَمِنۡ اٰيٰتِهٖۤ اَنۡ خَلَقَكُمۡ مِّنۡ تُرَابٍ ثُمَّ اِذَاۤ اَنۡتُمۡ بَشَرٌ تَنۡتَشِرُوۡنَ ٢٠
Ва мин айатиҳи ан халақакум-м мин туробин сумма иза антум башарун танташирун. 20.
20. Аз нишонаҳои Худованд он аст, ки шуморо аз хок офарид, сипас, он гоҳ шумо инсонҳое шудед, ки барои умури зиндагии хеш (дар рӯи Замин) пароканда шудед.
Ояти мазкур мавзӯи ояти гузаштаро такмил бахшида гуфтааст, ки яке аз нишонаҳое, ки ба Қодирӣ ва тавоногии Худованд далолат мекунад он аст, ки «… шуморо аз хок офарид»…
Бинобар маълумоти дар Қуръон мавҷуда Худованд падари инсонҳо Одам (а)-ро аз хок офарид ва боқимонда инсонҳоро аз наслу фарзандони Одам (а). Бо назардошти ин маълумот зоҳиран маънои ин Қисми ояти мазкур каме душворфаҳм аст, зеро нутфаи мард ва тухмдони зан зоҳиран ба хок монанд нестанд. Чаро Худованд дар ояти мазкур ба шакли ҷамъ гуфт, ки шуморо аз хок офаридам? Ин ҷо яке аз мӯъҷизаҳои илмии Қуръон нуҳуфтааст.
Илми асри 20-ум муайян намуда аст, ки дар таркиби хок элементҳои гуногуни кимёвӣ мавҷуданд. Дар навбати худ дар ҷисми инсон тақрибан ҳамон элементҳои кимёвии дар таркиби хокбуда мавҷуданд. Яъне ҳарчанд намуди зоҳирии хок ва ҷисми инсон гуногун бошанд ҳам, ҳарду дар асл аз элементҳои кимёвии дар Замин мавҷуда иборатанд. Акнун дарки маънои Қисми аввали ояти мазкур душвор нест. Инсон дар замин ҳаёт ба сар мебарад. Хӯроки инсон аз растаниҳо ва маҳсулоте, ки аз ҷонварон гирифта мешавад, иборат аст. Растаниҳо аз хок мерӯянд, яъне аз элементҳои гуногуни дар хок мавҷуда иборатанд. Ҷонварон растаниҳоро истеъмол мекунанд. Пас инсон бо ғизо элементҳои кимёвии дар таркиби хок мавҷударо истеъмол мекунад.
Яъне дар равиши офариниши насли инсон низ ҳамон элементҳои кимёвии дар таркиби хок мавҷуда истифода мешаванд. Ин фикррониҳо ахиран моро ба натиҷа меоранд, ки Худованд на танҳо падари инсонҳо Одам (а)-ро дар аввал аз хок офарид, балки насли Одам (а)-ро низ аз хок офаридааст.
Ин аст яке аз нишонаҳои Қудрати комил ва ҳикмати бемисоли Худованд, ки аз хок инсон меофарад. Инсоне, ки зинда аст, ҳис мекунад, ҳаракат мекунад, оқил аст, мушаррафтарин ва олимартабатарини махлуқот аст. Инсоне, ки агар ба амру фармони Офаридгораш итоат кунад, метавонад ҳоким ва сарвари коинот гардад. Муқоиса кунед, хок куҷову инсон бо ин ҳама сифатҳо ва зебоӣ куҷо? Ин аст яке аз нишонаҳои Қудрати баркамол ва бемисли Худованд.
Худованд дар охири ояти мазкур фармудааст, ки сипас аз тариқи таваллуд бо тарзе, ки Худованд муайян кардааст, шумо бо фарқиятҳо дар илм, дар намуди зоҳирӣ, дар сарватмандӣ ва фақирӣ, некбахтӣ ва бадбахтӣ ва ғайра аз Одам (а) пайдо шудед ва дар рӯйи Замин пареш хӯрдед. Бо ривояти Имом Аҳмад (р) дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: «Худованд инсонро аз як Қабза хоке, ки он аз тамоми рӯйи замин ҷамъ шуда буд, биофарид. Аз ин рӯ, инсонҳо мисли Замин (гуногун) офарида шудаанд. Баъзе аз онҳо сафед, баъзе сурх, баъзе сиёҳанд. Баъзе аз онҳо пок, палид, нармхӯй, дуруштхӯй ва ғайра ҳастанд. Тирмизӣ (р) ин ҳадисро ҳасану саҳеҳ гуфтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «