Сураи Рум Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 19

يُخۡرِجُ الۡحَـىَّ مِنَ الۡمَيِّتِ وَيُخۡرِجُ الۡمَيِّتَ مِنَ الۡحَـىِّ وَيُحۡىِ الۡاَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا ‌ؕ وَكَذٰلِكَ تُخۡرَجُوۡنَ ١٩

Юхриҷу-л-ҳайя мина-л-маййити ва юхриҷу-л-маййита мина-л-ҳаййи ва юҳйи-л-арЗа баъда мавтиҳа. Ва казалика тухраҷун. 19.

19. Берун меорад зиндаро аз мурда ва берун меорад мурдаро аз зинда ва зинда месозад Заминро баъди мурдани он ва ҳамчунин берун оварда хоҳед шуд (аз Қабрҳо).

Ояти мазкур барои шахсоне, ки дар рӯзи Қиёмат аз нав зиндагардониданро инкор мекунанд, посух аст. Мункирони баъс (зиндагардонидан баъд аз миронидан) мехоҳанд ё не, бояд бидонанд, ки Зоте, ки онҳоро офаридааст, ҳама инсонҳоро, аз он ҷумла онҳоро низ, баъд аз марг рӯзи Қиёмат аз нав зинда мегардонад. Ҳоло барои гӯшзади онҳо ояти мазкур гуфтааст, ки Худованд чунин Зоти тавоност, ки зиндаро аз мурда ва мурдаро аз зинда берун меорад. Монанди берун овардани тухм аз мурғ ва берун овардани чӯҷа аз тухм. Муфассирон гуфтаанд, ки дар ин оят калимаи «берун овардан» ба маънои офаридан аст. Яъне аз тухм (мурда) чӯҷа (зинда) меофарад ва аз мурғ (зинда) тухм (мурда) меофарад. Мисли ҳамин инсонро аз нутфа (сперма) ва нутфаро аз инсон, гиёҳро аз дон ва донро аз гиёҳ, дарахтро аз донак ва донакро аз дарахт, мусулмонро аз кофир ва кофирро аз мусулмон меофарад.

Ҳамчунин Худованд заминро баъди «мурдани» он дар зимистон, дар баҳорон аз нав «зинда» мегардонад. Дар фасли зимистон аз Замин на гиёҳе мерӯяду на гуле механдад, на шукуфае мешукуфад, гӯё Замин мурдааст. Чун фасли баҳорон даррасад, бо рехтани Қатраҳои борони раҳмати Парвардигор, замин ҷунбиш пайдо мекунад, гиёҳон месабзанд, шукуфаҳо дар шохаҳои дарахтон пайдо мешаванд, зироъатҳо мерӯянд ва ғайра. Ҳар лаҳза, ҳар рӯзу шаб, ҳар сол ин мӯъҷизаҳои Қудрати Офаридгори оламро инсон мушоҳида мекунад. Барои инкоркунандагони зинда гардонидани баъд аз мирондан, ин ҳодисаҳо дарси ибратанд. Онҳо каме агар тафаккур кунанд, нодуруст будани ақидаи худро дарк мекунанд. Мефаҳманд, ки барои Худованди Қодиру тавоно баъд аз марг, аз нав зинда гардонидани инсонҳо ва аз Қабрҳо берун овардани онҳо дар рӯзи Қиёмат ҳеҷ мушкилие надорад. Барои маълумоти бештар ба ояти 33-юми сураи «Ёсин» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)