Сураи Рум Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 21

وَمِنۡ اٰيٰتِهٖۤ اَنۡ خَلَقَ لَكُمۡ مِّنۡ اَنۡفُسِكُمۡ اَزۡوَاجًا لِّتَسۡكُنُوۡۤا اِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُمۡ مَّوَدَّةً وَّرَحۡمَةً  ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰيٰتٍ لِّقَوۡمٍ يَّتَفَكَّرُوۡنَ ٢١

Ва мин айатиҳи ан халақа лакум-м мин анфусикум азваҷа-л ли таскуну илайҳа ва ҷаъала байнакум-м маваддата-в ва раҳмаҳ. Инна фӣ залика ла айати-л ли Қавми-й ятафаккарун. 21.

21. Аз нишонаҳои Худованд он аст, ки барои шумо аз ҷинси шумо занонро биёфарид, то бо онҳо ором гиред ва миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубониро пайдо кард, ҳаройина, дар ин кор барои гурӯҳе, ки меандешанд, (барои шинохтани Худованд) нишонаҳое ҳаст.

Дигар нишоне, ки бар камоли Қудрату бузургии Парвардигор далолат мекунад, ин аст, ки аз ҷинсу навъи худи инсон занҳоро офарид, ки ҳамсарони мардон Қарор гирифтанд. Муфассирон гуфтаанд, ки дар ин ҷо мурод модарамон Ҳавво (а) аст, ки Худованд он касро аз устухони паҳлӯи Одам (а) офарид. Мардон ва занон дар оянда аз насли Одам (а) ва Ҳавво (а) офарида шуданд.

Дар идомаи ояти мазкур яке аз сабабҳои офариниши занҳо баён шудааст, ки то бо ҳамсаронатон унс ва улфат гирифта, ба онон майл кунед, оромиш ва роҳат пайдо кунед.

Агар оид ба муносибати байниҳамдигарии марду зан фикр ронда шавад, маълум мегардад, ки хулосаи зиндагии марду зан дар издивоҷи ҳамдигар оромиш ва роҳат аст. Ин оромиш ва роҳат дар зиндагии марду зан танҳо ва танҳо вақте муяссар мегардад, ки муносибати марду зан дар асоси никоҳ ва издивоҷи шаръӣ барпо шуда бошад. Агар ба зиндагии инсонҳо дар кишварҳое, ки муносибати ҷинсии марду занро озод гузоштаанд, назар андозед ва андеша кунед, дар онҳо зиндагии ором ёфт намешавад. Зеро бо тарзи ҳайвонӣ хоҳишҳои шаҳвониро баровардан ва аз оянда андеша накардан чандон роҳат ва оромиш надорад. Оромиши Қалб ва роҳат дар хонадони марду зан онгоҳ пайдост, ки тарафҳо ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳамдиагарро донанд ва риоя кунанд. Риоя накардани ҳуқуқи ҳамдигар ва ҳақталошӣ оромишро дар оила барбод медиҳад. Яке аз воситаҳои асосии риояи ҳуқуқи ҳамдигар дар оила, ин мавҷуд будани дӯстӣ ва меҳрубонӣ байни зану шавҳар аст. Аз ин рӯ, Худованд дар идомаи ояти мазкур мефармояд, ки байни шумо (марду зан дар оила) дӯстӣ ва меҳрубониро пайдо кардем. Барои таъкиди бештар Худованд дар охири оят ба мо гуфт, ки дар он чи, ки зикр шуд, барои шинохтани Қудрату ҳикмат ва бо азамат будани Парвардигор барои шахсоне, ки фикру андешаи саҳеҳ доранд, нишонаҳо ҳувайдост.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)