Тафсири Сураи Рум Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 27
وَهُوَ الَّذِىۡ يَـبۡدَؤُا الۡخَـلۡقَ ثُمَّ يُعِيۡدُهٗ وَهُوَ اَهۡوَنُ عَلَيۡهِؕ وَلَهُ الۡمَثَلُ الۡاَعۡلٰى فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِۚ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ٢٧
Ва Ҳува-л-лазӣ ябдау-л-халқа сумма юъӣдуҳу ва ҳува аҳвану ъалайҳ. Ва лаҳу-л-масалу-л-аъла фи-с-самавати ва-л-арЗ. Ва Ҳува-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 27.
27. Ва Ӯст Он, ки офаринишро оғоз мекунад ва бори дигар онҳоро бозмегардонад ва ин бар Вай осонтар (офариниши аввалу бори дигар назди Худованд яксон) аст ва мар Ӯрост сифати баландтар дар осмонҳо ва Замин ва Ӯ ғолибу боҳикмат аст.
Ояти мазкур масъалаи зинда гардонидани баъд аз мирониданро баён намудааст, ки Худованд Зотест, ки офариниши инсонро оғоз кард, сипас баъди марг онро барои ҳисоб ва ҷазо, бозмегардонад ва ин кор барои Ӯ таъоло аз паидо кардани бори аввал дида осонтар аст. Яъне ҳама махлуқотро Аллоҳ таъоло аз нестӣ ба вуҷуд овард. Вақто ки онҳо аз ин дунё мераванду Қабр мешаванд, агарчи ҷисми онҳо хок гашта, парешон шуда бошад ҳам, чун рӯзи Қиёмат барпо мешавад, аз сари нав зинда кардани онҳо барои Худованд ҳеҷ душворие надорад. Зеро ҳамаи сифатҳои Худованд баркамоланд, бо мурури замон кам ё зиёд намешаванд. Аз азал низ дар ҳадди камол буданд. Ҳеҷ чиз аз илми Худованд пӯшида нест. Аз он ҷумла Қудрати Офаридгории Худованд ҳам баркамол аст, каму зиёд намешавад. Яъне офаридани чизе барои Худованд бори аввал осон ва бори дувум осонтар намегардад. Балки дар ҳама ҳолатҳо офаридан барои Худованд яксон (осон) аст. Аммо дар ояти мазкур калимаи «аҳвану» «осонтар» истифода шуда аст. Муфассирон гуфтаанд, ки Худованд инҷо барои фаҳмотар шудан, маънои масъаларо аз нигоҳи инсонҳо баён кардааст. (Чунончи барои инсон сохтани чизе бори дувум аз сохтани бори аввал осонтар аст.) Аммо назди Қудрати Парвардигор офаринишу бозгардонидан яксон аст. Хулоса, дар пешгоҳи Қудрати Ӯ таъоло кори осон ё душвор вуҷуд надорад. Зеро Худовандро масали аълост. Сифати ягонагӣ барои Ӯст, на дар осмонҳо ва на дар замин шабеҳи Ӯ нест. Чи дар осмонҳо ва чи дар Замин ҳарчи сифатҳои олӣ бошад, ҳама аз они Ӯст. Дар сифатҳои ҷамолу камолаш ҳеҷ кас шарик шуда наметавонад. Ҳар он чи дар осмонҳо ва Замин ҳаст, сифати Ӯро зикр карда мегӯянд: «Лайса камислиҳи шай-ун» «Монанди Парвардигор ҳеҷ чиз нест». Ӯ дар мулки худ азизу (мағлубнашаванда) ҳаким аст. Ҳама корҳои ӯ бинобар муқтазои ҳикмату маслиҳати Ӯ ва барои фоидаи махлуқоташ анҷом мешаванд.
Сабаби нузули ояти мазкурро Ибни Абиҳотам аз Икрима (р) ривоят кардааст, ки вақто кофирон масъалаи бори дигар зиндашуданро шуниданд, дар ҳайрат монданд. Ояти мазкур ҳамчу посух барои онҳо нозил шуда, сифатҳои Парвардигорро баён кард. Имом Бухорӣ (р) низ аз Абӯямон ва дар охир аз Абӯҳурайра (р) ҳадиси Қудсиеро чунин ривоят карда аст: «Худованди таъоло гуфтааст: «Фарзанди одам маро дуруғгӯй ҳисобид, дар ҳоле ки барои ӯ гуфтани ин гуна сухан шоиста нест. Ва маро дашном дод дар ҳоле, ки гуфтани чунин сухан барои ӯ сазовор набуд; Дурӯғ ҳисобидани ӯ Маро он аст, ки мегӯянд: «Он гуна ки Худованд моро дар ибтидо офарид, дигар маро боз намегардонад, ҳол он ки офариниши аввал аз бозгардонидани ӯ бар ман осонтар набуда, ҳарду яксон аст». Аммо дашном додани вай маро ин аст, ки мегӯяд: «Худованд фарзанд гирифтааст, дар ҳоле ки ман яккаву ягонаам ва ба касе ниёзе надорам». Барои маълумоти бештар ба ояти 116-уми сураи «Бақара» ва ба тафсири сураи «Ихлос» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «