Сураи Рум Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 26

وَلَهٗ مَنۡ فِى السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ‌ؕ كُلٌّ لَّهٗ قٰنِتُوۡنَ ٢٦

Ва лаҳу ман фи-с-самавати ва-л-арЗ. Куллу-л лаҳу Қанитун. 26.

26. Ва мар Ӯрост он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар Замин аст, ҳар яке барои Ӯ фармонбардоранд.

Дар оятҳои Қаблӣ тавҳиди (ягонагии Худованд) дар Холиқият ва (тавҳиди ягонагии Худованд) дар Рубубият баён шуд. Ҳоло ояти мазкур тавҳиди моликиятро чунин баён намудааст, ки ҳар он чи дар осмонҳо ва Замин вуҷуд дорад, хоҳ фаришта бошад ё инсон ё ҷин, дар мулку дар тасарруфи Парвардигор Қарор доранд. Ҳеҷ кас ё ҳеҷ чиз дар моликияти Офаридгор ва дар тасарруфи он ба Худо шарик нашудааст. Тамоми махлуқот амри Худовандро фурӯтанона мепазиранд, дар баробари он таслим шуда онро иҷро мекунанд. Аз иродаи Парвардигор берун баромада наметавонанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)