Сураи Рум Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 28

ضَرَبَ لَكُمۡ مَّثَلًا مِّنۡ اَنۡفُسِكُمۡ‌ؕ هَلْ لَّكُمۡ مِّنۡ مَّا مَلَـكَتۡ اَيۡمَانُكُمۡ مِّنۡ شُرَكَآءَ فِىۡ مَا رَزَقۡنٰكُمۡ فَاَنۡتُمۡ فِيۡهِ سَوَآءٌ تَخَافُوۡنَهُمۡ كَخِيۡفَتِكُمۡ اَنۡفُسَكُمۡ‌ؕ كَذٰلِكَ نُفَصِّلُ الۡاٰيٰتِ لِقَوۡمٍ يَّعۡقِلُوۡنَ ٢٨

Зараба лакум-м масала-м мин анфусикум. Ҳал лакум-м мим ма малакат айманукум-м мин шуракаа фӣ ма разақнакум фа антум фӣҳи саваун тахофунаҳум ка хӣфатикум анфусакум. Казалика нуфассилу-л-айати ли Қавми-й яъқилун. 28.

28. Мисоле барои шумо аз ҳоли худи шумо баён мекунад: Оё барои шумо бардагоне бошад, ки дастҳои шумо молики онҳо шуда бошад, дар он чӣ шуморо ато кардем, онҳоро бо шумо ҳеҷ шарикие ҳаст, то шумо дар он бо онҳо яксон бошед ва аз онҳо битарсед, чуноне ки шумо аз Қавми хеш метарсед?! Ҳамчунин нишонаҳоро барои Қавме, ки мефаҳманд, баён мекунем.

Сабаби нузули ояти мазкурро аз Ибни Аббос (р) муфассирон чунин ривоят кардаанд: «Дар адо кардани нусук (рукн)-ҳои ҳаҷ аҳли ширк талбияро ба ширк омехта намуда мегуфтанд: «Худоё, ба фармони Ту ҳозирем, худоё ба фармони Ту ҳозирем, барои Ту шарике нест, магар он шарике, ки Ту молики ӯ ва молики ҳар он чи ки ӯ молики он аст ҳастӣ». Пас, ояти мазкур нозил шуд ва дар он Худованд чунин мисол овард, ки албатта, зеҳну ақли ҳар инсон онро дарк мекунад ва бар ботил будани ширк ҳукм мекунад. Яъне дар ин оят Худованд барои шахсоне, ки ба Аллоҳ таъоло, фариштагон ё ҷин ё инсон ё ҳайвон ё буту санам ё ин, ки баъзе дигар чизҳои табиъатро шарик меҳисобанд, мисол оварда гуфтааст, ки эй мушрикон! Мо аз дигар ашё не, балки аз нафси худи шумо мисол оварда мегӯем, ки молу сарват ва ғулому каниз, ҳатто худи шумо, ҳама махлуқед ва офаридаи Мо ҳастед. Оё шумо меписандед, ки ғуломону канизоне, ки дар ихтиёри шумо ҳастанд, дар молҳое, ки ҳамчу ризқу рӯзи бароятон додаем, бе он ки байни шумо ва онҳо фарқияте набошад, дар тасарруфи онҳо бо шумо баробар яксон шарик бошанд?

Оё меписандед, ки мабодо шахсе дар молу амволатон шарик шавад, ё аз шумо мерос барад? Ҳаргиз намехоҳед ва намеписандед! Холиқ ва махлуқ ҳеҷ бо ҳам монандие надоранд, пас чӣ гуна махлуқе ба Холиқи худ шарик мешудааст? Шумо байни худ ва байни бардагон (ғуломон), ки ҳарду аз як ҷинс ҳастед, баробариро написандидед, пас, чӣ гуна дар баробари Раббул арбоб Молики бе чуну чаро, мардуми озоду ғулом ё бархе аз махлуқ (офаридагон)-и Ӯро ба Ӯ шарик меҳисобед?

Дар охир Худованд гуфтааст, ки мо ҳамин тавр, барои соҳибони ақлу хирад оятҳои худро равшан баён мекунем, ки дар ин мисолҳо бияндешанд ва сабаби асосии ба Аллоҳ ширк оварданро бифаҳманд, ки дар чист?


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)