Тафсири Сураи Рум Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 38
فَاٰتِ ذَا الۡقُرۡبٰى حَقَّهٗ وَ الۡمِسۡكِيۡنَ وَابۡنَ السَّبِيۡلِؕ ذٰلِكَ خَيۡرٌ لِّلَّذِيۡنَ يُرِيۡدُوۡنَ وَجۡهَ اللّٰهِۖ وَاُولٰٓٮِٕكَ هُمُ الۡمُفۡلِحُوۡنَ ٣٨
Фа ати за-л-Қурба ҳаққаҳу ва-л мискӣна вабна-с-сабӣл. залика хайру-л лил лазӣна юрӣдуна ваҷҳаллоҳ. Ва улаика ҳуму-л-муфлиҳун. 38.
38. Пас, ҳаққи хешовандро ва мискин ва роҳгумзада (мусофир)-ро бидеҳ. Ин додан барои касоне, ки ризои Худоро металабанд, беҳтар аст ва ин ҷамоъат онҳо растагоранд.
Агар Худованд ба касе неъматашро диҳад, он неъмат ҳамроҳи худ, албатта, масулияте дорад. Ҳоло дар ин оят Худованд ба Расулуллоҳ (с) (ё умуман барои шахсоне, ки аз неъматҳои дунё бархурдоранд) фармудааст, ки эй шахси мӯъмин, ба хешовандони фақири худ то ин, ки пайванди хешутаборӣ ва силаи раҳм ҳамеша барқарор бошад ва ҳамчунин ба шахсоне, ки мискину бенавоанд ва ба шахсоне, ки дар роҳ мондаанд ва ба амсоли онҳо аз дороии худ кӯмак бирасон! Бо ибораи дигар вақто ки сарвати дунё ба инсон рӯ меорад, гумон накунад, ки ҳамаи он дорои азонӣ ӯст. На! Балки дигарон низ ҳақ доранд. Аз ҷумла, хешовандони фақир, инчунин шахсони мустаманд, ки аз сабаби тангдастӣ замингир шудаанд ва ҳамчунин шахсоне, ки бар асари ҳодисаҳо бе молу ҳол шуда, аз ватани худ дур афтода, мӯҳтоҷу мусофир шуда, ҳеҷ моликияте надоранд, ки сарфу харҷ ва тӯшаи роҳ кунанд. Бе ягон миннат ҳақи онҳоро набояд фаромӯш кард. Ана ҳамин аст, ҷойи дурусти сарфи мол барои шахсоне, ки ризои Аллоҳро ҷустуҷӯ доранд, ва ана ҳамин шахсон растагору наҷотёфтаанд. Оре! Чунин шахсони саховатманд дар ҳамин ҷаҳон растагор хоҳанд шуд ва дар охират низ. Сарфи сарвати дунё дар ин роҳҳо бо худ баракоти аҷиберо меорад. Дар охират низ дар тарозуи санҷиши илоҳӣ вазнинтарин амал аст. Лекин…
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «