Сураи Рум Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум Ояти 37

اَوَلَمۡ يَرَوۡا اَنَّ اللّٰهَ يَبۡسُطُ الرِّزۡقَ لِمَنۡ يَّشَآءُ وَيَقۡدِرُ‌ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰيٰتٍ لِّقَوۡمٍ يُّؤۡمِنُوۡنَ ٣٧

А-ва-лам ярав анналлоҳа ябсуту-р-ризқа ли ма-й яшау ва яқдир. Инна фӣ залика ла айати-л ли Қавми-й юъминун. 37.

37. Оё надиданд, ки Худованд кушода мекунад рӯзиро барои ҳар касе ки мехоҳад ва танг мекунад барои ҳар касе ки мехоҳад, ҳаройина, дар ин кор нишонаҳост барои Қавме, ки имон меоранд.

Хислати баъзе инсонҳои камхирад, ки бо ёфтани неъматҳо мағрур ва бо рӯ ба рӯ шудан ба балоҳо маъюс мешаванд, дар оятҳои Қаблӣ баён шуд. Ҳоло ояти мазкур мувофиқ ба мавзӯи гузашта аз Қудрат ва тавоногии Худованд сухан оғоз карда, гуфтааст, ки оё онҳо надонистанд, ки агар Худованд бихоҳад ризқу рӯзиро барои касе фарох ва барои касе танг мегардонад?

Шахси хирадманд набояд бо ба даст овардани неъматҳои фаровон мағруру саркаш гашта, неъматдиҳандаро фаромӯш кунад ва на аз тангии ризқу рӯзӣ навмеду маъюс гардаду забони шиква кушояд, балки ҳангоми тангдастӣ бояд ба даргоҳи Худованд бо тавбаву ниёиш бозгашт кунад. Зеро ҳарду (фарохдастӣ ва тангдастӣ) дар ихтиёри Худост. Дуруст аст, ки ин дунё олами кор бо асбоб (сабабҳо) аст. Касоне, ки барои ёфтани дунё сахт кӯшиш мекунанд ва аз асбобҳо кор мегиранд баҳраи бештаре ба даст меоранд. Касоне, ки танбалӣ карда, аз имкониятҳо чандон истифода намекунанд, баҳраи хубе бардошта наметавонанд. Локин ин ба таври умум нест. Гоҳо дида мешавад, ки шахсоне бисёр лаёқатманду дар кори худ ҷиддӣ буда ҳарчанд талош мекунанд, ба ҷое намерасанд. Баръакс, гоҳо дида мешавад, ки дарҳои ризқу рӯзи ба рӯйи шахсоне, ки чандон соҳибфаросат нестанд, боз аст. Агарчӣ барои таҳияи ризқу рӯзӣ истифодаи сабабҳо зоҳиран натиҷаи хубе дошта бошад ҳам, локин набояд ғарқи олами сабабҳо шуда тамоми умедро ба он баст. Набояд фаромӯш кард, ки соҳиби нерӯ ва Қудрати бузурге дар паси онҳост. Ӯ таъоло гоҳо чунон сахт мегирад, ки тамоми дарҳо ба рӯйи инсон баста мешавад, гоҳо чунон осон мегирад, ки гӯё тамоми дарҳо ба рӯйи ӯ кушодаанд.

Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадааст, ки дар ин гуна ранг гирифтани корҳо барои шахсоне, ки имон меоранд, аз Қудрати Худованди бузург нишонаҳо ҳувайдост. Бояд ба сӯйи Ҳақ роҳ пеш гирифту набояд аз раҳмати Парвардигор ноумед шуд. Оре! Шахсе, ки имон надорад, ин ҳолатро намешиносад, ё аз неъмати фаровон мағур мегардад ва аз набудани неъмат роҳи ҳаққро гум мекунаду маъюс менишинад. Ояти зер ҷойи дурусти сарфи молро баён кардааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Рум Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)