Тафсири Сураи Рум Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 5
بِنَصۡرِ اللّٰهِؕ يَنۡصُرُ مَنۡ يَّشَآءُ ؕ وَهُوَ الۡعَزِيۡزُ الرَّحِيۡمُۙ ٥
Би насриллаҳ. Янсуру ма-й яшау ва Ҳува-л-Ъазӣзу-р-Раҳӣм. 5.
5. Бо нусрати Парвардигор. Худо ҳар киро хоҳад, нусрат медиҳад ва Ӯ ғолибу меҳрубон аст.
Яъне румиён дар наздиктарин сарзамини худ ба сарзамини араб аз форсиён шикаст хӯрданд. Вале румиҳо пас аз ин мағлуб шудани худ, ба наздикӣ дар ҷанги дигар, дар зарфи 3 то 9 сол бар Форс ғалаба хоҳанд кард. Ин пешгӯии Худованд буд. ВаҚте ки ҳазрати Абӯбакри СиддиҚ (р) ин хабарро шуниданд, ба гӯша ва канори Макка ва ба бозор рафта, эълон намуданд, ки ҷойи ҷашнгирӣ ва хурсандии шумо нест. Баъд аз якчанд сол боз Рум ба Форс ғолиб хоҳад омад.
Ин пешгӯии Қуръон мӯъҷизае буд, ки Худованд ба Муҳаммад (с) ато намуд, то мушрикони саркаш ба ҳаҚ будани пайғамбарии Расулаллоҳ (с) бовар кунанд. Инчунин бовар кунанд, ки Қуръон аз ҷониби Аллоҳтаъоло омадааст, зеро аз барпошавии ҳодиса пешакӣ хабар додан танҳо ва танҳо дар ҳудуди илми Худованд аст ва онро илми ғайб меноманд. Ғайр аз Аллоҳ таъоло ҳеҷ кас аз илми ғайб огоҳ нест.
Дар ҳаҚиҚат, баъд аз 7 соли ин пешгӯӣ (с. 627 мелодӣ) байни Рум ва Форс ҷанги шадиди дигаре рух дод ва дар он ҷанг румиҳо ғалаба карданд.
Аллоҳ таъоло бо сифатҳои баркамол ва беҳамтои Худ якка ва ягона аст. Ҳамаи ин ҳодисаҳо, ғалабаи Форс дар бори аввал ва ғалабаи Рум дар бори дувум бо ирода ва ҳукми Аллоҳ таъолост. Шикасти лашкари Форс бо ғалабаи мусулмонон дар ҷанги Бадр мувофиҚ омад ва мӯъминон аз ҳарду пирӯзӣ, шикасти оташпарастон ва шикасти мушрикон шодмон шуданд.
Худованд ба ҳар ки аз бандагони хеш бихоҳад, ёрӣ медиҳад. Худованд азиз-ғолиб ва ба бандагони мӯъмини хеш бисёр меҳрубон аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «