Тафсири Сураи Рум Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Рум Ояти 6
وَعۡدَ اللّٰهِؕ لَا يُخۡلِفُ اللّٰهُ وَعۡدَهٗ وَلٰـكِنَّ اَكۡثَرَ النَّاسِ لَا يَعۡلَمُوۡنَ ٦
Ваъдаллоҳ. Ла юхлифуллоҳу ваъдаҳу ва лакинна аксара-н-наси ла яъламун. 6.
6. Худо ваъда кардааст ва Худованд ваъдаи Худро хилоф намекунад, валекин аксари мардум намедонанд.
Чуноне ки дар оятҳои Қаблӣ гузашт, ғалабаи румиҳо ваъдаи таъкидкардаи Худованд буд, ки дар байни се то нӯҳ сол ҳарчанд аксари мардум нахоҳанд, надонанд ва бовариашон наояд ҳам, румиҳо ғолиб шуданд. Худованд ваъдаи худро хилоф намекунад, зеро Қудрати Ӯ таъоло фавҚи ҳама Қудратҳост.
Оре! Агар хости Худованд набуд, баъд аз мағлубият дар ин муддати кӯтоҳ ҳаргиз румиён ғалаба карда наметавонистанд. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки як мамлакати ҷангзадаи харобгашта дар чандин даҳсолаҳо худро устувор карда наметавонад, чӣ расад ғалаба бар болои душманҳои худ? Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «