Сураи Рум – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Рум – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Рум cураи 30-уми Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 60 оят иборат аст.

Ҳадафи асосии сураи мазкур чун сураҳои дар Макка нозилшуда Қазияҳои ақидаи Исломиро муъолиҷа кардан аст. Аз ҷумлаи муҳимтарини он Қазияҳо ин имон ба ваҳдонияти Парвардигор, имон ба пайғамбарон, ба зинда гардонидани баъд аз миронидан ва муайян шудани ҷазову подоши Парвардигор дар Қиёмат мебошанд. Сураи мазкур аз пешгӯии ҳодисаҳои ғайбӣ ибтидо карда, зафар ёфтани румиёнро, баъди мағлуб шуданашон бар форсиён башорат додааст.

Чуноне ки Қуръони карим хабар дод, ҳамчунон ҳам шуд. Ин далолат бар он мекунад, ки ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳақиқат пайғамбар аст ва барои ӯ (с) ваҳйи илоҳӣ омадааст ва Қуръон барои ӯ (с) бузургтарин мӯъҷизаи Илоҳист. Модоме ки ҳақ ва ботил, хайр ва шар, ва шайтони васвасакунанда ҳаст, дар тамоми асрҳо ҳақ бар ботил фирӯз мешавад. Барои исботи ин фикр далелҳо овардашуда аст.

То ин ки фарқ байни шахсоне, ки ибодати Раҳмонро мекунанд ва касоне, ки ибодати бутонро мекунанд, муайян шавад, мисолҳо низ оварда шуда аст. Кофирони Қурайш, ки аз оятҳои ошкорои Парвардигор панд намегирифтанд ба шахсоне, ки мурдаанду наметавонанд бинанд ва ё шунаванд, монанд шудаанд. Дар охири сура барои тасаллии хотири Расулаллоҳ (с) то расидани фатҳу зафари Парвардигор, дар муқобили озори мушрикон ба сабр кардан тавсия шудааст. Ин буд назари кӯтоҳе ба мӯҳтавои ин сура.


Рӯйхати оятҳои Сураи Рум «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабуд Ояти 69-Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)