Сураи Анкабуд Ояти 69-Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Анкабуд / Анкабут Ояти 69 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Анкабуд Ояти 69

وَالَّذِيۡنَ جَاهَدُوۡا فِيۡنَا لَنَهۡدِيَنَّهُمۡ سُبُلَنَا ‌ؕ وَاِنَّ اللّٰهَ لَمَعَ الۡمُحۡسِنِيۡنَ ٦٩

Ва-л-лазӣна ҷаҳаду фӣна ла наҳдияннаҳум субулана. Ва инналлоҳа ла маъа-л-муҳсинӣн. 69.

69. Ва ононе, ки дар роҳи Мо набард карданд, албатта, онҳоро ба роҳҳои Худ далолат кунем ва ҳаройина, Худованд бо некӯкорон аст.

Худованд дар ояти мавриди назар, ки айни ҳол охирин ояти сураи «Анкабут» ва шояд фишурдаи ҳама оятҳои ин сура низ бошад фармудааст, ки касонеро, ки дар роҳи ризогии Мо ҷиҳод мекунанд, мо ба роҳҳои хеш ҳидоят мекунем ва Худованд ҳамеша ҳамроҳи накӯкорон аст. Бо ибораи дигар: Худованд гуфтааст, ки касоне, ки алайҳи нафс ва шайтон ҷонҳои худро барои талаби хушнудии Мо дар ранҷу машаққат меафгананд, албатта, ба роҳҳои хайре, ки онҳоро ба сарманзили ризогии Мо мерасонад, ҳидоят мекунем. Бегумон, Худованд ҳамеша бо накӯкорон аст. Яъне Худованд бо нусрату ёрии Хеш дар дунё ва дар охират бо додани подоши нек бо илми Худ ҳамроҳи некӯкорон аст ва ҳар касе, ки Худо бо ӯ бошад, ҳаргиз хору залил намешавад.

Хулоса, калимаи ҷиҳод маънои васеъ дорад. Ҷиҳод ба нафс, ҷиҳод бо душман, ҷиҳод алайҳи васвасаҳои шайтон, ҷиҳод дар роҳи шинохти Худо аз роҳи илм, муносиби ҳар мавзӯъ калимаи ҷиҳод маъно дода мешавад, ки инсон наметавонад лоақал аз яке инҳо холӣ бошад. Агар инсони хирадманд бо ҳар яке аз инҳо рӯ ба рӯ шаваду ҷаҳду талош накунад, дар охир албатта, пушаймон хоҳад шуд ва худро маломат хоҳад кард. Валлоҳу ъалам.

Поёни сураи «Анкабут»

ва лиллоҳил ҳамд вал миннаҳ.

Ё Раб, ҷумла халоиқ ба мақсуд бирасон,

Шояд ки дар он миён яке ман бошам. (муаллиф)

Парвардигоро, мо аз худ ҳеҷ чизе надорем. Ҳарчи ҳаст, аз ноҳияи Ту ҳаст. Худовандо, ба мо тафвиқ ато кун, то ба ҳадафи аслии худ бирасем. Худовандо, шавад рӯзе, ки ба ниҳояи кори худ бирасем ва орзуҳоямон амалӣ шавад. Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало олиҳӣ ва асҳобиҳӣ аҷмаъин.


Рӯйхати оятҳои Сураи Анкабут «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Анкабуд Ояти 68 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Рум – Тафсири Осонбаён (Қуръон)