Сураи Сабо Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 11

اَنِ اعۡمَلۡ سٰبِغٰتٍ وَّقَدِّرۡ فِى السَّرۡدِ وَاعۡمَلُوۡا صَالِحًـا ؕ اِنِّىۡ بِمَا تَعۡمَلُوۡنَ بَصِيۡرٌ‏ ١١

Аниъмал сабиғати-в ва Қаддир фи-с-сарди ваъмалу солиҳан иннӣ би ма таъмалуна басӣр. 11.

11. Фармудем, ки: «Куртаҳои зиреҳини кушода бисоз ва дар бофтани ҳалқаҳои вай андоза нигоҳ дор ва эй аҳлу байти Довуд, кирдори шоиста ба амал оред, ҳаройина, ба он чӣ мекунед, Ман биноам».

Зиреҳ (ҷавшан) либосест ки бо ҳалқаҳои оҳанин сохта мешавад ва онро марди сарбоз дар ҳолати ҷанг барои нигоҳ доштани зарбаи шамшер ба тани худ мепӯшид.

Худованд дар ин оят хабар додааст, ки Мо ба Довуд (а) зиреҳсозиро омӯхтем ва фармудем, ки зиреҳҳои комилу васеъ бибоф ва ҳалқаҳои онҳоро ба андозаи муносиб дохили ҳамдигар кун ва дар бофтани он байни ҳалқаҳо андозаро нигоҳ дор, то ин ки тамоми баданро бипӯшонад. Яъне на чунон борику нозуке, ки дар баробари зарбаҳои шамшер тобовар набошанд ва на он Қадар ҳалқаҳои он дағал бошанд, ки пӯшандаро малол ояд. Дар ҷумлаи охир Худованд хонадони Довуд (а)-ро мухотаб Қарор дода гуфтааст, ки шумо бар иззату мартабаи падаратон такя накунед, балки амалҳои солеҳро ба ҷо оваред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман нисбат ба он чи , ки шумо анҷом медиҳед ё мегӯед, бино ҳастам ва мувофиқи амалҳоятон шуморо подош ва ё ҷазо хоҳам дод.

Муфассирон гуфтаанд: «Худованд ба Довуд (а) маҳорате дода буд, ки дар баъзе рӯзҳо, як зиреҳкурта мебофт, ӯро ба ҳазор дирҳам мефурӯхт, рӯзгори худро таъмин месохт ва боқиро садақа медод».

Хулоса, Довуд (а) аввалин шахсест, ки бо амри Парвардигор бофтани зиреҳкурта (ҷавшан)-ро дар олам, оғоз намудааст. Ояти зер аз атоҳои Худованд ба фарзанди Довуд (а), Сулаймон (а) сухан мекунад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)