Сураи Сабо Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 16

فَاَعۡرَضُوۡا فَاَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سَيۡلَ الۡعَرِمِ وَبَدَّلۡنٰهُمۡ بِجَنَّتَيۡهِمۡ جَنَّتَيۡنِ ذَوَاتَىۡ اُكُلٍ خَمۡطٍ وَّاَثۡلٍ وَّشَىۡءٍ مِّنۡ سِدۡرٍ قَلِيۡلٍ ١٦

Фа аъраЗу фа арсална ъалайҳим сайла-л-ъарими ва баддалнаҳум би ҷаннатайҳим ҷаннатайни заватай укулин хамти-в ва асли-в ва шай-им мин сидрин Қалӣл. 16.

16. Пас, онҳо (аз шукр гуфтан) рӯ гардониданд. Пас, барои онҳо тундсели бунёдкани харобкунандаро фиристодем, ба ҷои ду бӯстони онҳо ду бӯстони дигаре дорои меваҳои бадмаза ва соҳибони дарахти шӯрагаз ва андак аз дарахти сидрро иваз додем.

Дар ин оят Худованд аз аҳволи Қавми «Сабо» хабар додааст, ки чун Қавми «Сабо» худро дар неъматҳои фаровон ва дар иморатҳои боҳашамат диданд, бо гумоне, ки ҳолашон доим чунин мемонад, мағрур шуда аз Худо рӯй гардониданд. Неъматҳои Худовандро ночиз шумориданд, носипосиро пешаи худ сохтанд. Дар натиҷа Худованд сели харобкунандаро ба боғу диёри онҳо фиристод. Он ду боғи пурбаракату пурҳосили гуворояшон аз байн рафт. Худованд он ду боғи серҳосили зеборо ба ду боғи бебаракат, ки аз онҳо ҳеҷ фоидае набуд, иваз кард. Акнун дар боғҳо ба ғайр аз андак дарахтони талхмева ва дарахтони шурагазу дарахтони сидр (дарахти майдамева), дигар чизе намерӯид.

Хулоса, дар он боғҳо дарахти сидр ҷойнишини беҳтарин дарахтон шуд, ки он ҳам фоидаи хело кам дошт.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)