Тафсири Сураи Сабо Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 2
يَعۡلَمُ مَا يَلِجُ فِى الۡاَرۡضِ وَمَا يَخۡرُجُ مِنۡهَا وَمَا يَنۡزِلُ مِنَ السَّمَآءِ وَمَا يَعۡرُجُ فِيۡهَا ؕ وَهُوَ الرَّحِيۡمُ الۡغَفُوۡرُ ٢
Яъламу ма ялиҷу фи-л арЗи ва ма яхруҷу минҳа ва ма янзилу мина-с-самаи ва ма яъруҷу фӣҳа. Ва Ҳува-р-Раҳӣму-л-Ғафур. 2.
2. Он чӣ ба Замин фурӯ равад ва он чи аз Замин бурун ояд ва он чӣ аз Осмон фуруд меояд ва он чӣ дар Осмон боло равад, медонад ва Ӯст меҳрубону омурзанда.
Хабари ду сифати Худованд, ки яке ҳаким будан ва дигаре хабир будан аст, дар ояти Қаблӣ гузашт. Худованд дар ин оят аз илми бепоёни Худ чунин хабар додааст, ки ҳамаи он чизҳоеро, ки ба замин фурӯ мераванд, Худованд медонад, мисли: фурӯ рафтани Қатраҳои об, зери хок шудани ҷисми мурдагон, чизҳое, ки мардум пинҳон мекунанд, донаҳое, ки таги хок мешаванд ва ғайра. Ҳамчунин Худованд ҳама чизҳоеро, ки аз Замин берун меоянд медонад, мисли берун омадани растаниҳо, оби чашмаҳо, чоҳҳо, конҳо ва ғайра. Ҳамчунин Ӯ таъоло аз он чи, ки аз осмон нозил мешавад, мисли фариштагон, китобҳо ба сӯи пайғамбарон, барфу борон ва дигар баракатҳо ва ҳамчунин чӣ чиз аз Замин ба осмон боло мешавад, мисли фариштагон баъди анҷоми вазифаҳои худ, амали бандагон гуноҳ аст ё савоб, бухорҳо, дудҳо, газҳо, оҳе ки аз дили авлиёуллоҳ, аз дили мазлумон бармехезад… бохабар аст, Худованд ҳамаи онҳоро медонад. Дар охир гуфтааст, ки Ӯст барои бандагони Худ меҳрубон, ки ҳар он чи ки онҳо аз осмон ниёз дошта бошанд фуруд меорад ва барои онҳо аз Замин мерӯёнад. Ӯст, ки гуноҳҳои бандагони Худро, ки тавба мекунанд, меомурзад. Зеро ғайри Аллоҳ таъоло дигар омурзанда нест.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «