Сураи Сабо Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 3

وَقَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لَا تَاۡتِيۡنَا السَّاعَةُ ؕ قُلۡ بَلٰى وَرَبِّىۡ لَـتَاۡتِيَنَّكُمۡۙ عٰلِمِ الۡغَيۡبِ ۚ لَا يَعۡزُبُ عَنۡهُ مِثۡقَالُ ذَرَّةٍ فِى السَّمٰوٰتِ وَلَا فِى الۡاَرۡضِ وَلَاۤ اَصۡغَرُ مِنۡ ذٰلِكَ وَلَاۤ اَكۡبَرُ اِلَّا فِىۡ كِتٰبٍ مُّبِيۡنٍۙ ٣

Ва Қола-л-лазӣна кафару ла таътӣна-с-саъаҳ. Қул бала ва Раббӣ ла таътияннакум Ъалими-л-ғайб. Ла яъзубу ъанҳу мисқолу зарратин фи-с-самавати ва ла фи-л-арЗи ва ла асғару мин залика ва ла акбару илла фӣ китаби-м мубӣн. 3.

3. Ва кофирон гуфтанд: «Пеши мо Қиёмат нахоҳад омад». Бигӯ: «Оре! Қасам бар Парвардигори ман, ки донандаи ғайб аст, албатта, ба шумо (Қиёмат) хоҳад омад, аз Вай ҳамвазни заррае на дар осмонҳо ва на дар Замин ва на хурдтар ва на аз он бузургтар ғоиб намешавад, магар дар Китоби ошкор сабт аст»,

Худованд дар ин оят бори дигар аз инкоркунандагони баъс (бори дигар зинда шудан) ва рӯзи Қиёмат хабар додааст, ки аз мушрикони Қавми Ту (с) касоне ҳастанд, ки вақто аз омадани рӯзи Қиёмат сухан мекунӣ, онҳо инкор мекунанд ва мегӯянд, на Қиёмат ҳасту на зинда гаштани баъд аз марг, на ҳисоб асту на ҷазо. Ҳол он ки омадани рӯзи Қиёмат бо ҳуҷҷату бурҳон дар тамоми китобҳои осмонӣ тасдиқи худро ёфтааст. Дар идомаи оят Худованд ба Пайғамбари Худ (с) фармуд, ки ба мушрикон бигӯ, ки на чунон аст, ки шумо мепиндоред, савганд ба Павардигорам, ки албатта, рӯзи Қиёмат омаданист. Барои дарки васеътари ин ҷузъи оят, ба ояти 87-уми сураи «Нисо» муроҷиъат шавад.

Дар мухтасари Ибни Касир (р), бо ривояти Ибни Аббос (р) омадааст, ки ояти мазкур, яке аз се оятест, ки Худованд ба Расули Худ (с) амр кардааст, ки барои ҳақ будани барпошавии Қиёмат бо бузургии Павардигори худ Қасам ёд кунад. Ду ояти дигар, яке ояти 53-юми сураи «Юнус» ва дигаре ояти 7-уми сураи «Тағобун». Дар давоми оят Худованд аз илми васеъи худ хабар додааст, ки Аллоҳ таъоло донандаи ғайб аст. Ягон чиз, бигзор аз зарра (хурдтарин махлуқ) хурд бошад ё аз он калонтар, чи дар осмонҳо бошаду чи дар Замин, аз Ӯ пинҳон нест ва нахоҳад монд ва аз илми Ӯ таъоло дур нест. Ин ҳама дар Лавҳаи ҳифзшуда ошкоро сабт шудааст.

Хулоса, вақто ки хурдтарин (майдатарин) махлуқи Худованд аз мадди назари Аллоҳ таъоло махфӣ намемондааст, пас чӣ гуна ҳолу аҳволи мардум аз Ӯ махфӣ мемондааст? Чун рӯзи Қиёмат барпо мешавад, агарчи устухонҳои инсон шикаставу пӯсидаву хоку аз ҳам пош хӯрда бошанд ҳам, Худованд медонад онҳо дар куҷо пароканда шуданд. Бо фармони Ӯ ҳамаи онҳо рӯзи Қиёмат ҷамъоварӣ мешаванд. Ин барои чист? Ояти зер посухи ин савол аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)