Тафсири Сураи Сабо Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 22
قُلِ ادۡعُوا الَّذِيۡنَ زَعَمۡتُمۡ مِّنۡ دُوۡنِ اللّٰهِۚ لَا يَمۡلِكُوۡنَ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ فِى السَّمٰوٰتِ وَلَا فِى الۡاَرۡضِ وَمَا لَهُمۡ فِيۡهِمَا مِنۡ شِرۡكٍ وَّمَا لَهٗ مِنۡهُمۡ مِّنۡ ظَهِيۡرٍ ٢٢
Қулидъу-л-лазӣна заъамтум мин дуниллаҳ. Ла ямликуна мисқола зарратин фи-с-самавати ва ла фи-л-арЗи ва ма лаҳум фӣҳима мин ширки-в ва ма лаҳу минҳум-м мин заҳӣр. 22.
22. Бигӯ: «Ононеро, ки ба ҷуз Худо (чизи дигареро худоён) гумон мекунед, даъват кунед, то аз шумо зиёнро дур кунанд». Онҳо на дар осмонҳо ва на дар Замин ҳатто як зарраеро молик нестанд ва онҳоро дар офариниши осмонҳо ва Замин ҳеҷ ширкате ҳам нест ва аз онҳо Худоро ҳеҷ ёридиҳандае нест».
Худованд дар ояти мазкур мушриконро зери муҳокима Қарор дода, дар оғоз ба Расули Худ (с) фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ба кофирони Қурайш бигӯ, ки эй мушриконе, ки ғайр аз Худо касе ё чизеро илоҳӣ барҳаққ мепиндоред, агар ба офате гирифтор шавед, аз бутҳои худ ёрӣ хоҳед, то ин заҳматро аз шумо бартараф кунанд. Оё онҳо метавонанд? Наметавонанд! Локин, бидонед, ки онҳо ҳаргиз дуъои шуморо намешунаванд ва иҷобат ҳам намекунанд, зеро на дар осмон ва на дар Замин ҳеҷ чизро, ҳатто зарраеро соҳиб нестанд. Дар офариниши осмонҳо ва Замин ва дигар мавҷудот низ на бо Худованд шариканд ва на дар ин корҳо ёвари Худованданд. Пас эй мушрикон! Онҳо чӣ мушкилеро барои шумо ҳал карданд? Чӣ гуна ин як махлуқи оҷизу нотавонро восита гирифта парастиш мекунед?
Ояти зер дар бораи масъалаи шафоъат сухан оғоз карда, гуфтааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «