Тафсири Сураи Сабо Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 23
وَلَا تَنۡفَعُ الشَّفَاعَةُ عِنۡدَهٗۤ اِلَّا لِمَنۡ اَذِنَ لَهٗ ؕ حَتّٰٓى اِذَا فُزِّعَ عَنۡ قُلُوۡبِهِمۡ قَالُوۡا مَاذَا ۙ قَالَ رَبُّكُمۡ ؕ قَالُوا الۡحَـقَّ ۚ وَهُوَ الۡعَلِىُّ الۡكَبِيۡرُ ٢٣
Ва ла танфаъу-ш-шафаъату ъиндаҳу илла ли ман азина лаҳ. ҳатта иза фуззиъа ъан Қулубиҳим Қолу ма за Қола Раббукум. Қолу-л-ҳаққ. Ва Ҳува-л Ъалийю-л-Кабӣр. 23.
23. Ва назди Худованд шафоъат суд намебахшад, магар барои касе ки барои ӯ дастуре дода бошад, то он гоҳ ки аз дилҳои онҳо изтироб дур карда шавад, гӯянд: «Парвардигори шумо чӣ чиз фармудааст?». Гӯянд: «Сухани рост фармудааст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст».
Рӯзи Қиёмат талабидани бахшиши гуноҳи касеро аз Худованд шафоъат меноманд. Касе чизеро (бутеро) ба Худованд шарик дониста умед кунад, ки он бут ҳоҷаташро бароварда мегардонад ё ин ки фардо дар Қиёмат ӯро шафоъат мекунад, корест шаръан нодуруст. Қиёмат рӯзест, ки ҳама бо худ овораанд. Дар баъзе марҳалаҳои он ҳатто пайғамбарони бузурги улулазм ва фариштагони муқарраб ҳам, то ин ки иҷозати шафоъат карданро мегиранд, назди Худованд аз гуфтани сухане худдорӣ мекунанд ва дар бораи шафоъати худ касеро ваъда намедиҳанд. Зеро шафоъат дар ихтиёри Худост. Худованд иҷозати шафоат карданро ба касе, ки хоҳад, медиҳад, хоҳ набӣ бошад ва хоҳ фаришта. То он вақт ҳама дар тарсу ҳаросанд, онҳо бо ихтиёри худ ба зону зада дасти шафоъат дароз карда наметавонанд, чунки худашон намедонанд, ки тақдирашон чӣ мешавад. Пас мушриконе, ки будпарастӣ мекунанд, чӣ гуна он сохтахудоҳояшон онҳоро шафоъат мекардааст? Бо кадом далел донистаанд, ки он сохтахудоҳяшон назди Аллоҳ таъоло ҷуръат пайдо мекунанду бе иҷозаи Парвардигор бо ихтиёри худ даст ба шафоъати онҳо мезадаанд? Агар ба шафоъаткунандагон ва билфарз ба сохтахудоҳои мушрикон иҷозаи шафоъат дода шавад, он ҷо ҷойи адл аст, онҳо касонеро шафоъат мекунанд, ки Худованд аз шафоъатшавандагон розӣ бошад. Мушрик шудан калонтарин гуноҳи нобахшаниданист, пас чӣ гуна мушрикон мавриди шафоъати шафоъаткунандагон Қарор мегиранд? Ё дар он ҷо ихтиёри куллӣ дар дасти онҳост? Ҳаргиз! Ҳол он ки аҳли шафоъатро дар он рӯзи пурдаҳшат чунон тарси Худованд дар ваҳшат мегузорад, ки ҳатто баъзе аз онҳо чӣ гуфтани Парвардигорро дарк карда наметавонанд. Чун Худованд аз дили онҳо тарсу ваҳмро дур мекунад, аз ҳамдигар ё аз фариштагон мепурсанд, ки ҳоло дар бораи шафоъат Парвардигор чӣ гуфт? Гӯяндае мегӯяд, ки Парвардигори мо сухани ҳақ ва ростро гуфту фақат шафоъати муъминонро иҷоза фармуд. Аммо барои аҳли куфр шафоъати ҳеҷ шафоъаткунанда иҷоза нашуд. Билфарз бошад ҳам, фоида надорад, зеро Парвардигор чунин Зотест, ки бузургқадру Қаҳҳор аст, ҳеҷ чиз дар ҳеҷ кор ба вай шарик шуда ё ҳукми ӯро рад карда наметавонад.
Фармони Худованд барои Расули Худ (с) дар ояти зер идома дорад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «