Тафсири Сураи Сабо Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 21
وَمَا كَانَ لَهٗ عَلَيۡهِمۡ مِّنۡ سُلۡطٰنٍ اِلَّا لِنَعۡلَمَ مَنۡ يُّـؤۡمِنُ بِالۡاٰخِرَةِ مِمَّنۡ هُوَ مِنۡهَا فِىۡ شَكٍّ ؕ وَ رَبُّكَ عَلٰى كُلِّ شَىۡءٍ حَفِيۡظٌ ٢١
Ва ма кана лаҳу ъалайҳим-м мин султонин илла ли наълама ма-й юъмину би-л-ахирати мим ман ҳува минҳа фӣ шакк. Ва Раббука ъала кулли шай-ин ҳафӣз. 21.
21. Ва бар онҳо шайтонро ҳеҷ ғалабае набуд, лекин онҳоро мубтало гардонидем, то маълум кунем, чӣ касе ба охират имон меорад ва чӣ касе дар шубҳа аст, бидонем. Ва Парвардигори ту бар ҳама чиз нигаҳбон аст.
Ҳама аҳли имон боварӣ бар он доранд, ки Худованди таъоло ба ҳама он чизе, ки дар ин ҷаҳон ё дар ҷаҳони дигар воқеъ мешавад, огоҳу бохабар аст. Локин ҳикмати Парвардигор тақозои онро кардааст, ки шайтон озод бошад ва барои бандагон майдони имтиҳон фароҳам гардад. Ҳоло бо таври умум, дар ин оят Худованд хабар додааст, ки шайтон барои аз роҳ задани бандагони Худо ҳеҷ гоҳ наметавонад инсонеро ҷабран ба роҳи гумроҳӣ кашонад. Зеро ӯ на шоҳ асту на вазир, ки бо зарби зӯр ё бо Қонунҳои сохтаи ҳаррӯзаи худ инсонро дар кардани кори гуноҳ ҷабран тобеъи худ созад. Кори шайтон васваса ва дар назари мардум оростану ҷилва додани корҳои куфру исён аст. Худованд гуфтааст, ки Мо онҳоро ба васвасаи шайтон мубтало сохтем. Аммо баъзе инсонҳо ба васвасаҳои он дода мешаванд ва баъзе дода намешаванд, бо ин роҳ аҳли имон аз аҳли куфр аз ҳам ҷудо мешаванд.
Хулоса, озод будани Иблис дар васвасҳои худ барои он аст, ки то дар зоҳир Худованд маълум кунад, ки чӣ касе ба охират имон дорад ва чӣ касе дар шубҳа боқӣ мемонад. Маълум аст, ки касе ба васвасаҳои шайтон дода шавад, он чи дар дил дорад, бо ихтиёри худ ошкор месозад. Дар натиҷа мӯҷиби хашми Парвардигор Қарор мегирад. Дар охир барои ҳама бандагони Худ Худованд ҳушдор дода аст, ки Парвардигори ту бар ҳама чиз нигаҳбон аст. Пайравони шайтон тасаввур накунанд, ки чизе аз аъмол ё гуфтори онҳо дар ин дунё аз байн меравад ё Худованд онҳоро фаромӯш месозад. На! Балки Худованд барои баррасӣ шудани онҳо то рӯзи охират парвандаи онҳоро нигоҳ медорад. Барои маълумоти бештар ба ояти 22-юми сураи «Иброҳим» (а) муроҷиъат шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «