Сураи Сабо Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 24

۞ قُلۡ مَنۡ يَّرۡزُقُكُمۡ مِّنَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِؕ قُلِ اللّٰهُ ۙ وَ اِنَّاۤ اَوۡ اِيَّاكُمۡ لَعَلٰى هُدًى اَوۡ فِىۡ ضَلٰلٍ مُّبِيۡنٍ‏ ٢٤

۞ Қул ма-й ярзуқукум-м мина-с самавати ва-л-арЗи Қулиллаҳ. Ва инна ав иййакум лаъала ҳудан ав фӣ Залали-м мубӣн. 24.

24. (Ба мушрикон) бигӯ: «Кист, ки аз ҷониби осмонҳо ва Замин шуморо рӯзӣ медиҳад?». Бигӯ: «Худои якто медиҳад. Ва ҳаройина, мо дар ҳидоятем ё шумо дар гумроҳии ошкор?».

Дар ин оят Худованд ба Расули Худ (с) фармудааст, ки ба он мушрикон бигӯ, ки ӯ кист, ки шуморо аз осмону замин ризқу рӯзӣ медиҳад? Оё он сохтахудоҳои шумо ё ин, ки Худованди яккаву беҳамто?! (Албатта, ҷавоб маълум аст, ҳеҷ касе аз онҳо наметавонад, бигӯяд, ки бутҳо боронро аз осмон нозил мекунанд). Акнун эй Пайғамбари Мо, интизори ҷавоби онҳо машав, худат бигӯй, ки Аллоҳи ягона аст, ки ба махлуқоти Худ, чи дар замин бошанду чи дар осмон, ризқу рӯзӣ медиҳад, боронро мерезад ва растаниҳоро мерӯёнад. Пас, кист манбаи ҳамаи ин баракот ва кист сазовори парастиш? Оё Худои якто ё буту санами беҷону берӯҳи шумо? Эй мушрикон оё мо дар ҳидоятем ё шумо ё мо дар гумроҳием, ё шумо, инро Худованд албатта, Худаш Қазоват мекунад. Локин бояд донист, ки ақидаи мо ва шумо бо ҳам зидданд. Равшан аст, ки ҳарду гурӯҳи дар ақида бо ҳам зид, ҳақ буда наметавонанд. Ҳатман як гурӯҳ дар ҳидоят ва гурӯҳи дигаре дар гумроҳист. Шумо ба худ ва ба дигарон бингареду андеша кунед. Маълум мешавад, ки касе Худованди якторо ибодат мекунад, ӯ дар ҳидоят аст, касе, ки ғайри Худо, яъне буту сангу чӯбу дарахтро мепарастад, ӯ гумроҳ аст. Барои маълумоти бештар гирифтан дар бораи маънои калимаи «Мубин», ба оёти 1-ум ва 79-уми сураи «Намл», ба ояти 12-уми сураи «Нур», ба ояти 6-уми сураи «Ҳуд (а)» ва ба ояти 2-юми сураи «Қасас» муроҷиъат шавад. Фармоиши Худованд дар ояти зер бо шакли дигар идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)