Тафсири Сураи Сабо Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 26
قُلۡ يَجۡمَعُ بَيۡنَـنَا رَبُّنَا ثُمَّ يَفۡتَحُ بَيۡنَـنَا بِالۡحَـقِّ ؕ وَهُوَ الۡـفَتَّاحُ الۡعَلِيۡمُ ٢٦
Қул яҷмаъу байнана Раббуна сумма яфтаҳу байнана би-л-ҳаққи ва Ҳува-л-Фаттаҳу-л Ъалӣм. 26.
26. Бигӯ: «Парвардигори мо (рӯзи Қиёмат) миёни мо ҷамъ хоҳад кард, сипас, ба ростӣ миёни мо ҳукм кунад ва Ӯ ҳукмкунандаи доност».
Дар оятҳои Қаблӣ сухан аз гурӯҳи ҳақ ва ботил гузашт. Дар ояти мазкур Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки ба мушрикон бигӯ, ки Парвардигор ҳамаи моро дар рӯзи растохез ҷамъ мекунад, сипас, дар миёни мо, то ҳидоятшудагон аз гумроҳон шинохта шаванд, бо адолат доварӣ хоҳад кард. Дар он рӯз моро аз якдигар ҷудо месозад ва ҳар кадоми моро бо натиҷаи амалҳои худ мерасонад. Зеро Худованд Зотест доно ва бар асоси ҳаққ ва адолат ҳукм мекунад. Аммо байни мо ва шумо чӣ гуна ҳукм мекунад, Ӯ Худ медонад.
Ҳоло дар дунё мебинем, ки ҳама бо ҳам омехтаанд ва ҳар кадом худро ҳақ ва ҳидоятёфта меҳисобад. Локин ин ҳолат доимӣ нест, рӯзе ба охир мерасад. Инсон бояд андешад, ки дар кадом саф Қарор дорад, оё вай барои саволҳое, ки аз ҷониби Парвардигор ба ӯ дода мешавад, посухеро омода кардааст? Ривоят шудааст, ки касеро ғаму андӯҳ ё мушкилоте расида бошад, яке аз исмҳои бузурги Худовандро, ки «Фаттоҳ» аст, бо ихлос такрор кунад, Худованд барои Ӯ кушоиш хоҳад дод.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «