Тафсири Сураи Сабо Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 27
قُلۡ اَرُوۡنِىَ الَّذِيۡنَ اَلۡحَـقۡتُمۡ بِهٖ شُرَكَآءَ كَلَّا ؕ بَلۡ هُوَ اللّٰهُ الۡعَزِيۡزُ الۡحَكِيۡمُ ٢٧
Қул аруния-л-лазӣна алҳақтум биҳӣ шуракаъ. Калла. Бал Ҳуваллоҳу-л-Ъазӣзу-л-ҳакӣм. 27.
27. Бигӯ: «Онҳоеро, ки шумо бо Худо шарик пиндоштед, онро ба ман нишон диҳед, то тавоноии онҳоро бисанҷам! Чунин нест, онҳо ҳеҷанд, балки Худо, Ӯст ғолибу боҳикмат».
Дар масъалаи марбут ба тавҳид (яктопарастӣ), Худованд ба Расули Худ (с) фармуд, ки ба мушрикон бигӯ, ки эй мушрикон, он касон ё он чизҳоеро, ки шумо мепарастеду онҳоро чунон сифат мекунед, ки ҳатто онҳоро бо Худованди якто шарик медонед ва бе ягон далел, бо гумони худ онҳоро назди Худованд шафоъаткунандаи худ меҳисобед, ҳоло ба ман нишон диҳед. Агар мақсади шумо парастиши як чизи хомӯшу берӯҳу бе ҷон аст, ки онро ҳамсони Худованд Қарор додаед, вой бар шумо! Агар чизҳои ҷондорро парастиш, ё восита Қарор медиҳед, онҳо худашон банда ва махлуқи Худоанду сар ба фармони Ӯ таслим намуданд ва муҳтоҷи раҳмати Парвардигоранд. Пас, онҳо бо кадом сифаташон сазовори ибодати шумо шуданд? Оё онҳо холиқанд ё розиқанд, оё тадбири ҳоли осмонҳо ва замин, сайри Офтобу Моҳтоб ва ғайра дар ихтиёри онҳост? Ҳаргиз чунин нест, балки шумо аз тарси Худо дилкӯб шавед, бо худ биларзед ва аз ин даъво ва аз ин фикри ғалат баргардед. Зеро Зоте, ки сазовори ибодат аст, Худованд яктост, ки холиқу розиқ ва дар корҳои Худ ғолибу ҳаким аст.
Ояти зер бори дигар ба Расулуллоҳ (с) хитоб буда, дар он Худованди фармудаст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «