Тафсири Сураи Сабо Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 4
لِّيَجۡزِىَ الَّذِيۡنَ اٰمَنُوا وَعَمِلُوۡا الصّٰلِحٰتِؕ اُولٰٓٮِٕكَ لَهُمۡ مَّغۡفِرَةٌ وَّرِزۡقٌ كَرِيۡمٌ ٤
Ли яҷзия-л-лазӣна аману ва ъамилу-с-салиҳат. Улаика лаҳум-м мағфирату-в ва ризҚун карӣм. 4.
4. То ононеро, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд, подош диҳад, он ҷомеъаро омурзиш ва ризқи карим (пурарзиш) аст.
Худованд дар ин оят хабар додааст, ки ҳадаф аз барпо кардани Қиёмат он аст, ки ба касоне, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд, Ҳақ таъоло подош диҳад ва кофиронро бо додани азоб муҷозот кунад. Касоне, ки подоши некро соҳиб мешаванд, гуноҳони онҳо низ аз ҷониби Павардигор маҳву омурзида мешавад ва рӯзии пурарзиш насиби онҳо мегардад. Баъзе шахсони имондору амали солеҳкунанда дар дунё подошеро намебинанд ё шахсони кофиру золим ба ҷазои амалҳои худ намерасанд. Аз ин рӯ, барпо шудани рӯзи Қиёмат ҳатмист, то шахси муслим дар Ҷаннат ба навозишу мукофоти шоиста сарфароз гардад ва шахси кофир дар Ҷаҳаннам ҷазои мувофиқро соҳиб шавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «