Сураи Сабо Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 30

قُلْ لَّـكُمۡ مِّيۡعَادُ يَوۡمٍ لَّا تَسۡتَاْخِرُوۡنَ عَنۡهُ سَاعَةً وَّلَا تَسۡتَقۡدِمُوۡنَ ٣٠

Қул-л-лакум-м мӣъаду явми-л ла тастаъхируна ъанҳу саъата-в ва ла тастақдимун. 30.

30. Бигӯ: «Шуморост ваъдаи рӯзе, ки аз он соъате бозпас намонед ва пешдастӣ накунед».

Худованд ба Пайғамбари Худ (с) фармуд, ки ба ононе, ки рӯзи Қиёмат кай меояд гуфта масхара мекунанд, бигӯ, ки омадани онро танҳо Худованд медонад. Зеро он на як соъат пеш барпо мешавад ва на як соъат ақиб, ҳатман дар вақти муайянкардаи Худованд меояд. Мардум бояд барои омадани Қиёмат доим омода бошанд. Хушо ба ҳоли касоне, ки барои омадани чунин рӯз омодагии худро дидаанд. Вой бар ҳоли касоне, ки чун ин суханҳоро мешунаванд, инҳоро дурӯғ меҳисобанду масхара мекунанд. Барои маълумоти бештар ба ояти 15-уми сураи «Тоҳо» муроҷиъат шавад. Кофирон на ин ки омадани рӯзи Қиёматро инкор мекунанд, балки дар шаъни Қуръони карим низ, чуноне ки ояти зер ба он ишора дорад, ҳар гуна суханҳо гуфтанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)