Тафсири Сураи Сабо Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Сабо Ояти 29
وَيَقُوۡلُوۡنَ مَتٰى هٰذَا الۡوَعۡدُ اِنۡ كُنۡتُمۡ صٰدِقِيۡنَ ٢٩
Ва яқулуна мата ҳаза-л-ваъду ин кунтум содиқӣн. 29.
29. Ва мегӯянд: «Агар шумо ростгӯед, ин ваъда (Қиёмат) кай барпо мешавад?».
Дар мазмуни оятҳои Қаблӣ гузашт, ки рӯзи растохез Худованд ҳамаи мардумро дар майдони маҳшар барои саволу ҷавоб ҷамъ мекунад ва миёни онҳо ба адл доварӣ мекунад. Вақто ки шахсони мункири рӯзи охират инро шуниданд аз рӯйи истеҳзо ба Пайғамбар (с) (ё бо муъминон) гуфтанд, ки хайр бигзор, гуфтаи шумо шавад, локин шумо агар ростгӯй бошед, ин барпошавии Қиёмат, ки ба мо ваъда медиҳед, дар кадом вақту замон ба амал меояд? Ояти зер посух ба саволи мункирони рӯзи растохез аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «