Сураи Сабо Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 5

وَالَّذِيۡنَ سَعَوۡ فِىۡۤ اٰيٰتِنَا مُعٰجِزِيۡنَ اُولٰٓٮِٕكَ لَهُمۡ عَذَابٌ مِّنۡ رِّجۡزٍ اَلِيۡمٌ ٥

Ва-л-лазӣна саъав фи айатина муъаҷизӣна улаика лаҳум ъазабу-м ми-р-риҷзин алӣм. 5.

5. Ва ононе ки дар радди оятҳои Мо саъй карданд, то моро оҷизкунанда бошанд, он ҷамоъатро азобу уқубати дарддиҳанда аст.

Дар ояти Қаблӣ, сухан аз ризқу навозиши шахси мусалмон гузашт. Ҳоло дар ин оят дар бораи азоби ниҳоят аламдиҳанда сухан рафта, Худованд фармудааст, ки касоне, ки алайҳи оятҳое, ки аз ҷониби Мо барои Пайғамбарон фиристода шудааст, муқобила мекунанд ва мехоҳанд ҳукми онҳоро бо рафтору гуфтори худ ботил созанд, оё тасаввур намекунанд, ки аз ҳудуди илми Мо берун нестанд? Оё Мо намедонем, ки онҳо чӣ кор мекунанд? Албатта, аз ҳоли онҳо Мо бохабарем ва барои чунин шахсон бадтарин ва дардноктарин азобро муҳайё сохтаем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сабо Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)