Сураи Сабо Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сабо Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сабо Ояти 54

وَحِيۡلَ بَيۡنَهُمۡ وَبَيۡنَ مَا يَشۡتَهُوۡنَ كَمَا فُعِلَ بِاَشۡيَاعِهِمۡ مِّنۡ قَبۡلُؕ اِنَّهُمۡ كَانُوۡا فِىۡ شَكٍّ مُّرِيۡبٍ ٥٤

Ва ҳӣла байнаҳум ва байна ма яштаҳуна кама фуъила би ашйаъиҳим-м мин Қабл. Иннаҳум кану фӣ шакки-м мурӣб. 54.

54. Ва миёни онҳо ва миёни он чӣ орзу доштанд ва мехостанд имонашон пазируфта шавад, (ё ба дунё боз гардонд) ҷудоӣ афганда шуд, чуноне ки пеш аз ин ба амсоли онҳо карда шуд, ҳаройина, онҳо сахт дар шак буданд.

Табиист, ки инсон дар ҳоли ҳаёт ба чизҳои бисёр майлу хоҳиш дорад. Аз он ҷумла, ба мол, хона, савораҳо, лаззатҳо, шаҳватҳо, обрӯ, тарафдорон ва ғайра. Дар байни ингуна инсонҳо шахсоне ҳастанд, ки дар корҳои ғайбие, ки аз тарафи шариъати исломӣ барои онҳо пешбинӣ шудааст, сахт дар шакку шубҳа Қарор дошта ба Биҳишт, Дӯзах, рӯзи Қиёмат бовар надоранд. Локин кори онҳо пухтаву доимӣ нест. Рӯзе мерасад, ки онҳо аз ин молу ҳол ва аз ин ақидаҳои ботил ҷудо мешаванд. Дар он рӯз мехоҳанд пушаймонии худро ошкоро кунанд, лекин мебинанд, ки фурсат аз даст рафтааст. Чун мехоҳанд имон оранду дохили Ҷаннат шаванд, дигар барои онҳо имконият нест. Дар гузашта низ Қавмҳое монанди инҳо буданд. Чун имтиҳони Худованд бо суроғашон омад, дар муқобил ҳеҷ коре аз дасташон наомад. Чун онҳо ба марг рӯбарӯ гаштаанд, аз тамоми воситаҳояшон ҷудо шуданд ва ҳеҷ шакку шубҳае нест, ки онҳо дохили Ҷаҳаннам мешаванд. Ҳоло ин мушрикон аз пешиниёни худ чаро дарси ибрат намегиранду ба онҳо тақлид мекунанд? Чӣ мехоҳанд сарнавишташон ба сарнавишти онҳо яксон бошад? Валлоҳу аълам. Поёни сураи «Сабо» ва лиллоҳӣ-л-ҳамд вал миннаҳ.


Рӯйхати оятҳои Сураи Сабо «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сабо Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Фотир – Тафсири Осонбаён (Қуръон)