Тафсири Сураи Фотир – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Фотир дар Макка нозил шуда, дорои 45 оят аст.
Калимаи «фотир» яке аз сифатҳои Аллоҳ таъоло буда, дар луғат ба маънои «Аз нестӣ ба вуҷудоранда, эҷодкори аҷиб» омадааст ва нахустин ояти сураи мазкур бо он оғоз шудааст. Номи дигари ин сура «Малоика» фариштаҳо аст, ки зикри онҳо дар ояти якуми ҳамин сура мегузарад.
Сураи мазкур мисли дигар сураҳои дар Макка нозилшуда, аз якка ягонагӣ ва холиқии Аллоҳ таъоло сухан мекунад. Дар ин сура хусусан дар бораи ақида, масъалаҳои асосии шариъат ва ҳақ будани Пайғамбар (с) ва ботил будани ширк сухан рафтааст. Ҳамчунин болои урфу одатҳо ва хурофотҳои ботиле, ки байни ҷамъияти инсонҳо мавҷуду маъруф аст, хатти бутлон кашида ҷорӣ кардани ҳукмҳо ва одобу ахлоқи исломиро ҷиддан тарафдорӣ мекунад. Оғози сураи мазкур дар хусуси «Фотир» (Холиқи аҷиб) будани Аллоҳ таъоло ва аз Коинот аз фариштагон, инсонҳо, ҷинҳо ва аз нестӣ пайдо кардани онҳо ва бори дигар аз нав ба вуҷуд овардани инсонҳо дар охират сухан кардааст.
Ба он чизҳое, ки атрофро иҳота карданд, эътибор дода, хусусан дар бораи заминҳои «мурда» (хушкида) ки бо рӯидани растаниҳо, меваҳо чи хел онҳо зинда мешаванд ва ба офарида шудани инсон монандӣ дорад, гузаштану иваз шудани рӯзу шаб, сухан мекунад. Дар хусуси фарқи байниҳамдигарии инсонҳо, ки мисли нур ва зулмат аз ҳамдигар фарқ мекунанд, низ суханҳо омадааст.
Дар бораи Қудрати беинтиҳои Парвардигор ва дар бораи инсонҳо, ҳайвонҳои ҳархела ва меваҳои ҳарранг, ки дар ҳар иқлими дунё бо таъму рангу шаклҳои мухталиф мерӯянд, дар бораи шакли кӯҳу сангҳо, ки ҳамаи онҳо бар Қудрату бузургии Аллоҳ таъоло далолат мекунанд, мухтасаран маълумот додааст.
Сипас, дар бораи уммати Муҳаммад (с), ки онҳо аз ҳама дида соҳиби дурусттарин дин, соҳиби Китоби Илоҳӣ (Китоби осмонӣ)-анд сухан кардааст. Дар охир ба танқиди мушрикон, ки чандин чизҳоро парастиш мекунанд, ишора карда, бо ҳамин сураи мазкур ба охир мерасад. Ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи сураи «Фотир».
Рӯйхати оятҳои Сураи Фотир «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «