Сураи Сафф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Сафф Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Сафф Ояти 5

وَاِذۡ قَالَ مُوۡسٰى لِقَوۡمِهٖ يٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُوۡنَنِىۡ وَقَد تَّعۡلَمُوۡنَ اَنِّىۡ رَسُوۡلُ اللّٰهِ اِلَيۡكُمۡؕ فَلَمَّا زَاغُوۡۤا اَزَاغَ اللّٰهُ قُلُوۡبَهُمۡ‌ؕ وَاللّٰهُ لَا يَهۡدِى الۡقَوۡمَ الۡفٰسِقِيۡنَ ٥

Ва из қола Муса ли қавмиҳӣ йа қавми лима туъзунанӣ ва қа-т-таъламуна аннӣ расулуллоҳи илайкум. Фа ламма зағу азағаллоҳу қулубаҳум. Валлоҳу ла яҳди-л-қавма-л-фасиқӣн. 5.

5. Ва (ба хотир ор) чун Мӯсо қавми худро гуфт: «Эй қавми ман, чаро ба ман озор мерасонед? Албатта, медонед, ки Аллоҳ маро ба сӯйи шумо фиристодааст». Пас, вақте ки каҷравӣ карданд, Худо дилҳои онҳоро каҷ сохт ва Худованд қавми бадкирдорро ҳидоят намекунад.

Худованд ба Расули худ (с) мефармояд, ки ба қавми худ қиссаи бандаи мо ҳазрати Мӯсо (а)-ро ёдовар шав. Ӯ (а) ба қавми хеш гуфта буд, ки ай бани Исроил, барои чӣ маро ин қадар меранҷонед ва изо медиҳед, ҳол он, ки хуб медонед ва аз муъҷизаҳое ки Худо ба ман дода аст, мушоҳида кардаед, ки албатта, ман Расули Худоям ва аз ҷониби Ӯ таъоло ба сӯйи шумо фиристодашудаам.

Чун бани Исроил ба ҳазрати Мӯсо (а) имон наоварданд, панди ӯро гӯш надоданд, ба сӯи Худо ва фиристодаи Ӯ таъоло рӯй наоварданд ва аз ҳақ рӯгардон шуданд, Худованд дилҳои каҷи онҳоро каҷтар гардонид. Зеро қавме, ки дар фосиқӣ аз ҳад гузарад, Аллоҳтаъоло онҳоро ҳидоят намекунад. Қавми ҳазрати Мӯсо (а) то андозае он ҳазратро ранҷ дода, мегуфтанд, ки ту Худои худро ба мо нишон деҳ. Вақте ба ҳазрати Мӯсо (а) барои аз душманон дин озод кардани ватан фармони ҷиҳод расид чун қавми худро ба ҷиҳод даъват намуд, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки эй Мӯсо агар ҷиҳод даркор бошад, рав ҳамроҳи Худои худ ба касе, ки мехоҳед ҷиҳод кунед! Мо бошем, ба ҷойҳои худ мемонем ва…

Ҳатто будпарастони он қавм аз ҳазрати Мӯсо (а) талаб мекарданд, ки ӯ барои онҳо буту санамеро Худо бисозад. Ҳазрати Мӯсо (а) бошад, бо тамоми ҳастияш кӯшиш менамуд то бани Исроилро аз зери зулми Фиръавн наҷот диҳад, аммо он қавм чунон ба ботлоқи ҷаҳолат фурӯ рафта буданд, ки чунин муомилаи аҳмақонаро бо калими Худо пеш гирифтанд. Аз амри Парвардигори худ сар печида, нофармонбардорӣ карданд. Дар натиҷа, Аллоҳтаъоло аз онҳо ҳидоятро дур сохт. Зеро Худованд онҳоеро ҳидоят мекунад, ки дар талабу суроғи ҳидоятанд, на фосиқонеро, ки аз фикру хаёли ҳидоят фарсахҳо дур.

Офаридгор ин қиссаро барои тасаллӣ ва таскини Ҳабиб Худ ҳазрати Муҳаммад (с) овард, ки мушрикон бисёр озораш медоданд. Баъд аз баёни рӯзгори ҳазрати Мӯсо (а) барои тақвияти тасаллӣ ва дилбардории Расули худ Аллоҳтаъоло қиссаи ҳазрати Исо (а)-ро баён фармуд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Сафф «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Сафф Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Сафф Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)